formula
7-нишонаи саратони гарданаи бачадон
3024


Дар байни бемориҳои онкологӣ саратони гарданаи бачадон зинаи аввалро ишғол менамояд. Аслан саратон аз зумраи касалиҳои табобатнашаванда ба ҳисоб меравад ва шахсони ба ин дард гирифтор шуда бо шунидани номи “саратон” дасту дилашонро аз зиндагӣ мешӯянд, вале...
Имрӯз илми тиб хеле пеш рафта, бисёр намудҳои бемориҳои анкологӣ, аз ҷумла саратони гарданаи бачадонро табобат кардан имконпазир гаштааст, албатта ба шарте, ки мариз сари вақт ба табибон духтур муроҷиат намуда, табобат бигирад. Аз ҳамин хотир маҳз бо мақсади пешгирии афзоиши ин навъи саратон дар байни занону духтарони тоҷик имрӯз мо ба шумо дар бораи нишонаҳои аввалини саратони гарданаи бачадон маълумот медиҳем.
Папилома доред?
Барангезандагни асосии саратони гарданаи бачадон инфексияҳои ВПЧ мебшанд, ки бо номи вируси папилломаи одам машҳуранд. Ин вирус асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Намудҳои вируси папиломаи одам хеле зиёд буда, баъзе навъҳои ин вирус занро ба саратони гарданаи бачадон гирифтор карда метавонанд.
Бонувон бояд ба саломатии худ бодиққат бошанд ва бо мушҳоида намудани аввалин нишонаҳои беморӣ ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд.
Нишонаҳои саратони гарданаи бачадон инҳоянд:
Муайян кардани бемориҳои анкологӣ кори саҳлу осон нест ва баъзан ҳатто табибон низ дар ташхиси чунин касалиҳо душворӣ мекашанд, вале саратони гарданаи бачадон нишонаҳои махсуси худро дорад. Бонувони азиз, агар шумо дар худ чунин аломатҳоро эҳсос мекарда бошед, ҳатман ба табиби занона муроҷиат намоед:
1. Дард ва хунравӣ
Ҳуҷайраҳои саратонӣ зимни бемории саратони гарданаи бачадон дар девораҳои бачадон афзоиш меёбанд. Ин ҳуҷайраҳо метавонанд хушк шуда кафанд, ана дар ҳамин ҳолат дард ва хунравӣ ба миён меояд.
2) Баромадани табхол
Аксари занону духтарон ба табхол тамоман аҳамият намедиҳанд, вале тавре ки табиби амрозаи занона Пырялова Юлия Александровна мегӯяд, баромадани табхол (бородавки) ҳам дар узвҳои берунӣ ва ҳам дар узвҳои дарунии зан нишонаи беморист. Мабодо шумо тез-тез табхол мебароварда бошед, барои эҳтиёт як маротиба ба назди табиби занона рафта, аз ташхис гузаред ва ҳатман УЗИ кунед, зеро ин метавонад нишонаи пайдоиши саратони гарданаи бачадон бошад.
3) Ташарруҳот (виделение)
Заноне, ки ба саратони гарданаи бачадон гирифтор ҳастанд, хориҷ шудани ташарруҳоти зиёдеро аз маҳбал мушоҳида менамоянд. Ташарруҳот метавонад бе ранг ва ба оби оддӣ монанд бошад, вале шумо ба бӯйи надоштанаш фирефта нашуда, ҳатман аз ташхиси пурра гузаред. Чаро? Гап сари он аст, ки вақте ҳуҷайраҳои саратонӣ дар гарданаи бачадон ба афзоиш сар мекунанд, вайроншавии дохилии бачадон сар шуда, аз маҳбал ташарруҳоти обмонанд хориҷ мешавад.
4. Камхунӣ
Шумо худро беҳолу бемадор эҳсос мекунед, ҳарчанд, ки иштиҳоятон хуб аст ва ҳамеша хӯрокатонро дар вақташ мехӯред. Ба назаратон чунин менамояд, ки таппиши дилатон тезтар шудааст. Ин метавонад нишонаи камхунӣ бошад. Маъмулан камхунӣ дар занон бар асари хунравӣ аз маҳбал пайд мешавад, ки яке аз сабабҳои асосиаш маҳз саратони гарданаи бачадон аст.
5) Якбора лоғар шудед?
Вақте ки зан ба саратони гарданаи бачадон гирифтор мешавад, оҳиста-оҳиста иштиҳояш баста шуда, ба хӯрок май намекунад. Сабабаш дар он аст, ки ғадудҳои саратонӣ ба меъда фишор меоранд. Дар натиҷа иштиҳои дам гум шуда, дар муддати кӯтоҳ вазни худро мепартояд ва харобу лоғар мешавад. Якбора вазнатонро партофта бошед, беҳуда “химчамиён шудам” гуфта шодӣ накунед. Беҳтараш ба назди табиби занона рафта, як бор аз ташхиси комил гузаред, то ба солим будани худ бварӣ ҳосил намоед.
6) Мушкилоти пешобронӣ
Гурдаҳо ва пешобдон бар асари пайдоиши ғадуди саратонӣ поён фаромада метавонанд. Албатта ин ба кори системаи пешоббарори инсон бе таъсир намонда, ҷараёни хориҷ шудани пешоб торафт душвор мегардад. Аксари бонувоне, ки ба саратони гарданаи бачадон гирифтор шудаанд, аз манъ шудани пешоб ва ё ба пуррагӣ холӣ нашудани пешбдони худ шикоят мекунанд. Ҷамъ ва таҳшин шудани пешоб дар пешобон боиси афзоиши инфексия дар пешобдон гашта, дарди сахтро ба вуҷуд меорад.
7. Дарди пою миён

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД