Arzon march 2024
7- нишонаи ба зан бо чашми харидорӣ нигаристани мард
2297

Аслан қадами аввалинро дар ҷодаи ишқу муаббат мардон мегузоранд, вале баъзан чунин мешавад, ки марде ба зан сахт писанд меояд. Зан дар симои он мард шоҳзодаи орзуҳояшро дида, мехоҳад бо кадом роҳе набошад, дили он марди ҷаззобро ба даст оварад. Ба чунин хонумҳо маслиҳат медиҳем, ки пеш аз ба мард таваҷҷӯҳ доштани худро нишон додан аввал диққат диҳанд, ки оё он мард бо чашми харидорӣ ба сӯяшон нигоҳ мекунад не? Имрӯз мо ба шумо дар бораи нишонаҳои асосии ба зан таваҷҷӯҳ доштан ва ӯро дӯст доштани мард маълумот медиҳем.

Ба чашмони мард нигаред
Чашмро беҳуда «оинаи дил» намегӯянд. Аз нигоҳи чашми мард мақсадашро фаҳмидан мумкин аст. Агар вақти суҳбат мард рост ба чашмони шумо нигарад, донед, ки ба ӯ писанд омадаед. Тангшавии гавҳараки чашми мард аз бадбинӣ, ҳатто душманӣ дарак медиҳад. Нигоҳи мард ба лабони зан дӯхта шаванд, ин маънои дилбохтагии ӯро дорад …

Бозӣ кардани мард ба мӯяш чӣ маънӣ дорад?
Вақти бо шумо рӯ ба рӯ омадан мард либос ё галстукашро дуруст намуда, бо ангушт мӯяшро шона занад, ин нишонаи он аст, ки вай мехоҳад дили шуморо ба даст орад. Мард бо ин рафтораш ба шумо моил будани дилашро фаҳмондан мехоҳад.

Барои дидани зан баҳона меҷӯяд
Мард, агар нисбати зане бепарво набошад, бо ҳар баҳона кӯшиш мекунад, ки бо маликаи орзуҳояш вохӯрад. Як хандаву як нози зани дӯстдоштааш мардро девона месозад.

Гӯш мекунад ё танҳо сар меҷунбонад?
Ҳангоми суҳбат мард ба ҳар гапи шумо танҳо сар ҷунбонда, чизе нагӯяд, донед, ки вай ба гапатон чандон диққат намедиҳад, вале нисбати шумо бетаваҷҷуҳ нест. Марди ошиқ гапи маҳбубаашро намебурад, вале фикру андешаҳои ӯро дастгирӣ мекунад.

Табассум мард чӣ мегӯяд?
Табассуми мард нишонаи муҳаббати ӯ ба зан буда метавонад, агар самимона бошад. Вақте ки мард самимона табассум мекунад, натанҳо лаб, балки тамоми рӯяш механдад, ҳатто дар рӯй чинҳо пайдо шуда, нигоҳаш тағйир меёбад. Марде, ки ба гуфтору рафтори зан писханд мезанад, аслан ӯро дӯст намедорад ё чизеро пинҳон мекунад.

Беҷуръатӣ нишонаи ошиқ шудани мард аст?
Марди ошиқ дар аксари ҳолатҳо беҷуръат мешавад, Нишонаҳои асосии беҷуръатии мардон асабиёна панҷа задани ба рӯю мӯй ва сурх шудани рухсораҳои мард аст.

Рашк мекунад
Нишонаи дигари ба зан бепарво набудани мард рашк кардани ӯст. Албатта, агар шумо бо ин мард хеле кам шинос бошед, вай рӯирост рашкашро нишон намедиҳад, вале инро аз рафтоарш фаҳмидан мумкин аст. Диққат диҳед, вақте нигоҳи мардони дигарро ба шумо мебинад, вай ба чӣ ҳолат меафтад. Асабоният ё руҳафтодагиашро эҳсос намоед, донед, ки ин мард шуморо аз даст додан намехоҳад.
Ишқ пинҳон намемонад, агар...
Дар охир ҳаминро гуфтанием, ки агар тири нигоҳи шумо дили мардро рахна карда бошад, ҳатман муҳаббати худро нишон дода, ба шумо гул тақдим мекунад, ба тарабхона даъват менамояд ё бо роҳи дигар ишқашро изҳор намуда, пешниҳоди хонадоршавӣ менамояд. Танҳо дар ҳамин сурат зан дилпур гашта метавонад, ки мард ӯро дар ҳақиқат дӯст медорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД