Arzon march 2024
7 муҳоҷири тоҷикро дар Русия барои куштори бачаи 17-сола муҳокима ҳабс карданд
902

Дар Челябинск 7 муҳоҷири тоҷикро барои куштори ваҳшиёнаи як ҷавони 17-сола ҳабс карданд. Прокурор барои гумонбарон дар содир намудани ҷинояти куштор аз 13 то 18 соли зиндон талаб кардааст.

Ҳодиса дар наздикии ТРК “Космос”-и Челябинск рӯй дода, як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик ба як ҷавони 17-солаи рус, ки хонандаи мактаб будааст, ҳамла кардаанд.

Сабаби сар задани моҷаро маълум нест, вале гуфта мешавад, ки яке аз муҳоҷирон ҷавонро корд зада, дар натиҷа ҷавони 17-сола бар асари хунравии зиёд ҷон додааст.

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷинояти вазнин бародарони дугоник Тоҳир ва Зоир Ҷалиловҳо, бародарашон  Шаҳром, ҳамчунин Имомов Наҷмиддин, Ахмалов Ислом, Сабӯров Абдулваҳоб, Шаҳзод Сатторов ва Одинаев Хуршед боздошт шудаанд.

Мурофиаи судӣ ҳанӯз баҳори соли равон оғоз гашта, то ба имрӯз ба поён нарасидааст. Айбдоркунандаи давлатӣ барои Шаҳром Миров, ки ба қавли тафтишот ҷавони 17-соларо корд задааст, 18 соли зиндон талаб кардааст. Ба Абдулваҳоб Сабуров ва Шаҳзод Сатторов 14,5 соли зиндон таҳдид мекунад. Тахмин меравад, ки ин 3 нафар баъди содир шудани ҳукм ба коллонияи низомаш сангин фиристода хоҳанд шуд.  Дугоникҳо Тоир ва Зоир ба мӯҳлати 13 сол равонаи зиндон гашта метавонанд. Ба дигар иштирокчиёни муноқишаи хунин аз 5 то 5, 5 соли зиндон таҳдид менамояд.

Адвокати гумонбарор талаб кардааст, ки ҳолатҳои вазнинкунанда аз парвандаи ҷиноӣ бардошта шуда, ҷазо сабуктар карда шавад, аммо суд ин талаби ҳимоятгаронро қабул накардааст.

Намояндаи Шаҳром Миров, ки гумонбари асосӣ мебошад, талаб кардааст, ки айбномаи пешниҳодшуда “Куштор аз ҳиссиёти авбошӣ”  ба “куштор бо сабаби хусумати шахсӣ” иваз карда шавад. Гуфта мешавад, ки ҳукми ниҳоии суд рӯзҳои наздик содир хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД