Ҳаёти инсони муосир ба бозии пойга бо вақт монандӣ дошта, бар асари даводавии зиёд ва баҳсу мунозираҳои беҳисобе, ки ҳамарӯза сари ҳар қадам рӯй медиҳанд, кас бениҳоят хаста ва асабонӣ мешавад.
Ҷараёти тези ҳаёт ва стрессу асабонияти шадид ба хотири пешравии кор имкон намедиҳад, ки одам табъи дил дам гирифта, истироҳату фароғат намояд ва хастагиашро бароварда, қуввату нерӯи тоза гирад. Аммо шумо метавонед бо кӯмаки маҳсулотҳои оддӣ асабҳои худро ором сохта, нерӯи ҳаётиатонро афзун гардонед. Имрӯз мо ба шумо хонандагони азизи “Оила” дар бораи 7-маҳсулот маълумот медиҳем, ки таъсири мӯъҷизавӣ дошта, асабро ором месозанд ва ба кас ҳаловати беназир мебахшанд.
Моҳӣ-давои асаб ва дил
Моҳӣ дар баробари он ки бисёр бомазза буда, шикамро хуб сер мекунад, ҳамчунин хусусияти табобатӣ низ дорад. Тадқиқотҳои олмон исбот намудаанд, ки кислотаи омега-3, ки дар таркиби гӯшти моҳӣ фаровон мебошад, асабро ором намуда, кори дил ва рагҳои хунгарди онро ба низом медарорад. Ба ғайр аз ин, дар таркиби гӯшти моҳӣ ҳамчунин фосфор вуҷуд дорад. Ин минерал фишори мушшакҳоро кам карда, ба кас эҳсоси оромиш мебахшад.
Йогурт ва панир чи фоида дорад?
Барои он ки асаб ором ва табъи кас ҳамеша болида бошад, бояд бештар йогурт ва панир истеъмол намояд. Ин ду маҳсулот барои ҳимоя аз стресс сипари боэътимод мебошанд. Гап дар сари он аст, ки дар таркиби йогурт ва панир ба миқдори зиёд витамини В мавҷуд аст. Ин витамин организми инсонро нисбат ба стресс ва асабоният тобовар мегардонад.
Солим будан хоҳӣ, донагӣ хӯр!
Лӯбиё ва донагиҳо бояд дар хонаи ҳар як инсон ҳамеша мавҷуд бошанд. Бисёриҳо шояд баъди хондани ин сатрҳо зери лаб тамахсур намоянд, вале дар асл донагиҳо, аз ҷумла лӯбиё, нахуд, мош ва ғайра сарчашмаи минералҳо ва моддаҳои муфиданд. Таъоми якуми шумо бояд шӯрбо ё шавла бо донагӣ бошад. Фаромӯш накунед, ки донагиҳо ба ҳосил шудани серотонин дар организм ёрӣ мерасонанд ва барои асаб бисёр фоидаоваранд. Серотонинро нимшӯхию нимҷиддӣ “Ҳормони кайфиятбахш” меноманд, зеро он асабро хеле хуб ором намуда, табъи касро болида мегардонад. Ногуфта намонад, ки ҳамзамон донагиҳо сарчашмаи магний буда, ба кори дил ҳам фоида доранд, дар баробари ин, дар синтези нейропепитҳои мағзи сар ширкат меварзанд.
Мӯъҷизаи исфаноҷ
Байни растаниҳои сабз, чизи аз ҳама арзишманд барои системаи асаби инсон ифаноҷ аст. Ин маҳсулот аз витамини К бой буда ба синтези гормонҳое, ки барои беҳтар кардани кайфият ва муқовимат ба стресс масъуланд, таъсир мерасонад.
Банан чашмро равшану асабро ором месозад
Дар дунё чизе асаби инсонро мисли банан ором сохта наметавонад. Ин меваи аҷиб табъи касро болида гардонида, нерӯи ҳаётиро зиёд месозад ва оташи шавқу завқи зиндагиро дар дил аланга медиҳад. Дар баробари ширину бомазза буданаш дар таркиби банан ба миқдори зиёд витаминҳои гурӯҳи В, магний ва калий мавҷуданд. Табибон аз ҳамин хотир ба тамоми беморон банан хӯрданро тавсия медиҳанд. Вақте ки аз чизе нороҳат ва асабонӣ мешавед, ақаллан як дона банан хӯред. Банан асабро ором гардонида, барои барқарор намудани хотира кӯмак мерасонад ва ҳамзамон нӯри чашмро равшан месозад.
Буттамеваҳо-дӯстони беҳтарин
Дӯстони аз ҳама боэътимод ва беҳтарини инсон дар мубориза бо асабоният ва стресс буттамеваҳо мебошанд. Буттамеваҳо, махсусан малина ва қулфинай истеҳсоли кортизолро дар организми инсон ба танзим медароранд. Кортизол ба организм таъсири манфӣ расонида, аз меъёр зиёд шудани он метавонад боиси гирифтори ба бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он, депрессия ва бехобӣ гардад. Барои пешгирии ин ҳолат бештар буттамева хӯрдан лозим аст, чунки буттамеваҳо сарчашмаи хурсандӣ буда, хоби ором ва бароҳати касро таъмин месозанд.
Бобуначой нӯшед
Диетологҳо бобуначойро нӯшокии беҳтарин дар ҳолати стресс ва асабоният мешуморанд. Дар ҳақиқат бобуна, яъне ромашка дар як муддати хеле кӯтоҳ ба таври мӯъҷизавӣ асабро ором намуда, ба кас ҳисси оромиш ва нишот мебахшад. Дар баробари ин, бобуна антисептики беҳтарин ба ҳисоб меравад. Он дар мубориза бо илтиҳоб ва бемориҳои гуногуни сироятӣ кӯмак расонида, шиддати касалиро паст ва хоби бароҳати инсонро таъмин менамояд. Бобунаро бо каме шир ҷӯшонда нӯши ҷон созед, барои ҷисми шумо беҳтарин дорӯи хоб хоҳад гашт.