Тамоми ҳамватанони азизро аз номи сомонаи Оила. ТЧ бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборакбод гуфта, дар бораи дастурхони ифтор ба шумо чанд тавсияи муфидро пешкаш месозем.
1. Пешакӣ рӯйхати маҳсулоти заририро тартиб дода, харид кунед, то хӯрок ақаллан ним соат пеш аз намози шом тайёр шавад.
2. Ғизое, ки аҳли оилаи шумо дар Рамазон мехӯранд, бояд гуногун ва саршор аз витамину моддаҳои муфид бошад, то ба рӯзадорон қуввату мадор диҳад.
3. Дар давраи рамазон хӯрокҳои хамирӣ, бирёнӣ ва серравғанро камтар карда, бештар шӯрбо, хомшӯрбо, шавла ва котлетҳои буғӣ пазед.
4. Кӯшиш кунед, ки дар рӯйи дастурхони ифторатон меваю сабзавоти тару тоза, гӯшт ва ягон ширинӣ, масалан ҳалво бошад
5. Хӯрдани ҳасиб, “Фаст-фуд”, бодирингу помидори шӯр ва обҳои газнок дар моҳи рамазон тавсия дода намешавад.
6. Дар ифтор меҳмон даъват карда бошед, беш аз 3 маротиба ба онҳо хӯрок пешниҳод накунед. Пурхӯрӣ ба меъда зарар дорад.
7. Баъди ифтор то вақти хоб бештар об нӯшидан лозим аст. Дар баробари чой шумо метавонед ба аҳли оилаатон шарбати мева ё компот пешкаш намоед.
Ин буд чанд маслиҳати муфид дар бораи дастурхони ифтор. Бигзор моҳи шарифи рамазон ба хонадони шумо файзу баракат оварад.