arzon replenishment
7-маслиҳати муфид дар боби оростани дастархони идона дар 23-феврал
2256

23- феврал натанҳо барои мардон, балки баҳри бонувон низ рӯзи махсус ба шумор меравад. Ҳар як зани тоҷик кӯшиш мекунад, ки барои падар, бародарон ва ҳамсару писаронаш дастурхони шоҳона орояд, то хотири онҳоро дар рӯзи ид шод гардонад. Ба хотири кӯмак ба хонумҳо мо дар боби оростани дастурхони идона барои мардон чанд маслиҳати судмандро пешкаш менамоем.
1. Хонумҳои муҳтарам, агар шумо мехохед, ки мардони худро бо дастархони идона ва зиёфати олиҷаноб дар рӯзи 23-феврал шод гардонед, дар рӯйи дастурхонатон танҳо он чизҳоеро гузоред, ки мардҳо дӯст медоранд.
2. Барои мардони хонаводаатон хӯрокҳои гуногун, хӯришҳои болаззат, нӯшокиҳои рангоранг ва шириниҳои хушмазза омода кунед ва онҳоро бо ҳунари кадбонугии худ дар ҳайрат гузоред.
3. Мардҳо хӯрокҳои сергӯштро дӯст медоранд. Дар рӯйи дастурхони идонае, ки барои 23-феврал меороед, табака, сихкабоб, соус бо гӯшт, оши палов, картошка бо гӯшти мурғ, катлет ва дигар хӯрокҳои гӯштӣ бошанд, табъи мардон болида мегардад.
4. Хӯриш бо моҳӣ барои мардҳое, ки маҳсулоти баҳриро дӯст медоранд, туҳфаи хуб буда, таъашонро болида мегардонад.
5. Хӯриши бо гӯшт омодашуда натанҳо ба мардон писанд меояд, балки ҳамзамон қуввату нерӯи ҷисмониашонро дучанд мегардонад.
6. Мардҳои хонадони шумо нӯшокиҳои спиртиро дӯст медошта бошанд, дар ин рӯз ба онҳо гузашт намуда, чунин нӯшокиҳоро рӯйи миз гузоред. Хӯришҳои сабзавотӣ барои онҳое, ки хӯрокҳои сабуктар ва тару тозаро дӯст медоранд, хеле хуб аст. Барои рангоранги шумо бояд ҳатман дар хони идона чунин хуришҳоро гузоред.
7. Дар баробари оростани дастурхони пур аз нозу неъмат ҳатман ба мардони дӯстдоштаатон туҳфаҳо тақдим намоед ва ғамхории худро бо ин роҳ нишон дода, хотирашонро бо суханони пур аз меҳру муҳаббат шод созед.
Умедворем, ки шоми 23-феврал дастурхони шумо пурбаракат гашта, меҳру муҳаббати аҳли оиларо боз ҳам гармтар месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД