Бисёриҳо ба хотири бӯйи нохуш доштанаш аз хӯрдани сирпиёз худдорӣ менамоянд, ҳол он ки барои саломатӣ он бениҳоят муфид мебошад. Имрӯз мо дар бораи манфиатҳои сирпиёз ба шумо маълумот медиҳем.
1. Сирпиёз иммунитетро мустаҳкам мекунад ва барои мубориза бо шамолхӯрӣ кумак мерасонад.
2. Фишори хунро паст мекунад.
3. Сатҳи холестеринро дар хун паст мекунад.
4. Барои муқовимат ба рушди заъфи куҳна ёрӣ мерасонад.
5. Қанди хунро паст мекунад.
6. Хавфи саратони простатаро коҳиш медиҳад.
7. Сирпиёз давои беҳтарин аз хасташавӣ аст.
Чор дона сирпиёз (тақрибан 28 г) ба ҷисми шумо ин моддаҳои муфидро медиҳад:
- марганес - тақрибан 23% аз меъёри тавсияшудаи ҳаррӯза;
- витамини B6 - 17%;
- витамини C - 15%;
- селен - 6%.