Меваю сабзавот ба саломатии инсон фоида дошта, ба ҷавону зебо ва пуртароват мондани кас мусоидат менамоянд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 7 манфиати шарбатҳои мевагӣ маълумот медиҳем.
Манбаи витамину минералҳо
Шарбатҳои мевагӣ, махсусан шарбатҳои табиӣ дорои витаминҳои C, A, E ва минералҳо, аз ҷумла калсий, калий мебошанд, ки ба пурқувват гаштани системаи муҳофизатии организм - иммунитети инсон кумак мерасонанд.
Манбаи неру ва энергия
Шарбатҳои табиӣ манбаи энергия мебошанд. Глюкоза ва фруктозаи табиие, ки дар шарбатҳои мевагӣ мавҷуданд, ба бадан ворид гашта, ба тану ҷони шумо қуввату неруи нав ато менамоянд.
Тозакунии организм
Шарбатҳои баъзе меваҳо, аз ҷумла лимӯ, анор ва себ ба поксозии ҷигар ва гурдаҳо ёрӣ мерасонанд.
Беҳтар гаштани кори узвҳои ҳозима
Шарбати афлесун, ананас ва дигар меваҳо ферментҳое доранд, ки кори узвҳои ҳозимаро беҳтар месозанд.
Таъмини намнокии бадан
Шарбатҳои мевагӣ ҷисми инсонро бо об таъмин намуда, ба пешгирии беобшавии бадан мусоидат мекунанд, хусусан дар ҳавои гарм.
Мубориза бо радикалҳои озод
Антиоксидантҳое, ки дар шарбатҳои мевагӣ мавҷуданд, фаъолона бо радикалҳои озод мубориза бурда, пиршавии бармаҳал ва бемориҳои дилро пешгирӣ менамоянд.
Ҷавонсозии пӯст
Шарбатҳои мевагӣ саршор аз витамину антиоксидантҳо буда, пӯстро тару тоза ва дурахшон нигоҳ медоранд.
Ҷавону зебо ва солиму бардам мондан хоҳед, бештар шарбат нӯшед.