Dostoni ishqi man
7 фоидаи намак ба пӯсти рӯй
827


Намакро ҳамчун маҳсулоти косметикӣ дар синну соли гуногун барои бартараф кардани камбудиҳои тамоми намудҳои пӯсти рӯй истифода бурдан мумкин аст.

Барои дастрас намудани ин ганҷи бебаҳо пули калон лозим нест, чунки намак бисёр арзон ва дар ҳар як хона ҳаст. Фақат танбалӣ накарда, бояд тарзи истифода бурдани онро омӯзед. Инак, намакро дар кадом ҳолатҳо истифода бурдан мумкин аст?

Наракҳоро нест мекунад

Намак на танҳо бодиринги очонидашударо аз микробҳо ҳифз мекунад, балки пӯсти инсонро низ аз ҳар гуна яраҳо хеле хуб муҳофизат мекунад. Нафароне, ки пӯсти рӯяшон пур аз нарак аст, метавонанд бо намакоби ҷӯшонидашуда рӯй шуста, пӯсти худро дезинфексия кунанд.

Ғизо мебахшад

Барои нармкунонӣ ва ғизодиҳии пӯст намаки баҳрии аз микроэлементҳо ғанӣ муфид аст. Дар як истакон об 3 қошуқча намаки баҳрӣ илова карда, ҳангоми шустушӯй бо ин оби шӯр шумо пӯсти рӯйи худро ҳам нарм месозед ва ҳам ғизо медиҳед.

Сафед мекунад

Намаки бо сметана, равған ё дигар маҳсулот омехташударо барои тоза кардани на танҳо пӯсти рӯй, балки тамоми бадан ва дасту пойҳо низ истифода бурдан мумкин аст. Намаки бо сметана ё равған омехташуда пӯсти сӯхтаю дағалро сафеду нафис гардонида, ҳамзамон яра, захм ва обилаҳоро нест мекунад.

Пӯстатон равғанӣ аст?

Скраби аз намаки хурд тайёршуда чарби зиёдатиро ҷабида мегирад ва дар баробари ин, рӯйро ҷароҳатнок намесозад, вале дар пӯсти рӯй ярачаву наракҳои зардобгирифта бошанд, скраби намакинро молидан мумкин нест, вагарна нараки рӯй зиёдтар мешавад. Намаки хурдро дар як ҳафта аз ду маротиба бештар молидан ба пӯсти нафарони чарбнокии пӯсташон зиёд манъ аст. Ба нафароне, ки пӯсти рӯяшон хушк аст, молидани намакро умуман тавсия намедиҳем.

Ҷавон месозад?

Намак гардиши хунро дар қабати пӯст метезонад. Вақте ки ба ниқобҳои барои рӯй омодакарда намак меандозед, таъсирашон дучанд мегардад. Бо намакоб шустани рӯй (2 қошуқ намаки ошӣ дар 1 литр оби ҷӯшида) аз манфиат холӣ нест.

Варами рӯйро мегардонад

Намак оби дар бофтаҳо ҷамъшударо ба осонӣ аз ҷисм берун месозад. Барои раҳоӣ ёфтан аз халтачаҳои таги чашм докаро дар оби каме намак иловашуда тар карда ба пӯсти таги чашмонатон гузоред.

Ниқоби намакдор барои пӯсти равғанин
Ними сафедии тухмро бо 1 қошуқча намак лат зада, бо он пӯсти рӯятонро маҳс кунед, баъд рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.

Скраб барои тоза кардани пӯст

Мева ё бутамеваи дилхоҳи туршро лат зада, ба он 1 қошуқча сметана ва намак илова карда, ба рӯятон молед. 15 дақиқа пас рӯятонро шуста малҳами нармкунанда (увлажняющий) молед.
Скраб барои тозакунии нуқтачаҳои сиёҳи пӯст
Докачаеро дар оби ҷӯш тар карда, ба он собуни кӯдакона молида кафк кунонед. Ба болояш намак пошед ва бо ҳаракатҳои сабуки давравӣ (сахт намолед!) нуқтачаҳои сиёҳи пӯстро молида, баъди ду дақиқа бо оби ширгарм ва баъдан бо оби хунук шӯед. Рафту пӯстатон хушк бошад, қаблан ба пӯсти рӯй равғани растанӣ молед.

Намак барои нохунҳо

1 қошуқ намакро дар 1 литр оби гарм ҳал кунонида, ангуштонатонро дар ин об 15 дақиқа нигоҳ доред. Баъдан дастонатонро каме хушк кунонида, равғани ғизобахш молед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД