7-фоидаи маҳс ба саломатии инсон
Маҳс таъсири мӯъҷизавӣ дошта, ба саломатии инсон фоида мерасонад. Имрӯз мо ба шумо дар бораи манфиатҳои асосии маҳс маълумот медиҳем.
1. Фоидаи маҳс махсусан ба узвҳои ҳаракаткунандаи инсон назаррас мебошад. Остеохондроз, дарди буғумҳо ва ҳатто ҷароҳатҳоро бо маҳс табобат карда мешавад.
2. Баъди маҳс гардиши хун беҳтар шуда, мушакҳо хубтар ғизо мегиранд. Мушакҳо, ки пурқувват шуданд, қобилияти кории инсон баланд мешавад.
3. Бемориҳои роҳҳои нафас аз қабили бронхит, диққи нафас, пневмония, ниқрис тавассути маҳс шифо меёбанд.
4. Ҳангоми табобати узвҳои ҳозима маҳс натиҷаи мусбӣ медиҳад.
5. Дар табобати бемориҳои системаи асаб, аз қабили невралгия, дарди сар, неврит, радикулит маҳс нақши ҳалкунандаро мебозад.
6. Маҳс ягона воситаест, ки баъди ҷарроҳиҳои душвор беморро ба по мехезонад. Нафаре, ки як бор маҳс гирифтааст, чӣ сон «зинда» шудани ҷисми хастаро баъди маҳс хеле хуб медонад.
7. Исбот гардидааст, ки дар пўсти инсон нуқтаҳои тамоми узвҳои даруна мавҷуданд. Аз ҳамин сабаб вақте ки одам маҳс мегирад, бемориҳои узвҳои дарунааш шифо меёбанд