Arzon march 2024
7 фоидаи бо хурмо кушодани рӯза
462

Дар Ислом, вақте мусалмонҳо рӯза медоранд, тавсия дода шудааст, ки пас аз ғуруби хуршед рӯзаашонро бо хурмо кушоянд, яъне аввалин ғизое, ки рӯзадор ба даҳон мебарад, бояд хурмо бошад. Бо хурмо кушодани рӯза суннати паёмбар ба шумор меравад. Мехоҳед донед, ки чаро рӯзаро бо ягон мева ё хӯроки дигар нею маҳз бо хурмо кушодан лозим аст? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Ба хотири манфиатҳои зиёд доштанаш ба саломатӣ маҳз бо хурмо рӯза кушоданро ба одамони рӯзадор тавсия медиҳанд. Фоидаҳои асосии хурморо пешниҳоди шумо месозем.

1. Хурмо манбаи шакар буда, баробари хӯрдан ба бадани одам неру мебахшад.

2. Хурмо саршор аз витаминҳои А, B ва минералҳои муҳим буда, мушкили норасоии витаминҳоро дар организми инсон дар моҳи шарифи Рамазон пешгирӣ менамояд.

3. Дар таркиби хурмо калий зиёд буда, дандон ва устухонҳоро пурқувват месозад.

4. Истеъмоли хурмо барои дил ва системаи ҳозима муфид мебошад.

5. Миҷози хурмо гарм ва консентратсияшаванда буда, барои барқарор кардани қуввату дармон кумак мерасонад.

6. Хурмо хӯрдан хоби бароҳати инсонро таъмин менамояд.

7. Бо хурмо рӯза кушодан суннати паёмбар аст. Ҳазрати Муҳаммад (с. с.) таъкид кардаанд, ки рӯзаи худро бо хурмо кушоед. Ин суннат барои мусалмонҳо роҳнамо аст. Аммо вақте хурмо набошад, паёмбар рӯзаашро бо об мекушод ва мусалмонҳо ба ин суннат низ эҳтиром мегузоранд.

Хулоса, бо хурмо кушодани рӯза натанҳо риояи суннати паёмбар мебошад, балки барои саломатии одамони рӯзадор низ муфид аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД