Formula novemver 2024
7-ҳадяи беҳтарин барои мард
976

 

Новобаста аз он, ки зану шавҳар чанд сол боз бо ҳам зиндагӣ мекунад, сюрприз кардан ва таъби якдигарро болида гардонидан орзӯи тамоми ҷуфтҳост, вале интихоби дурусти туҳфа чандон кори осон нест. 

Зану шавҳар ба тозагӣ оиладор шуда, зан ҳанӯз бо характери мард пурра ошно набошад, ҳайрон мемонад, ки ба ҳамсараш чӣ туҳфа кунад, то хотири мардаш шод гардад. Бо мақсади кӯмак ба бонувон имрӯз мо дар бораи 7 туҳфаи беҳтарин барои мардон маълумот медиҳем.  

1. Агар шавҳаратон ширинидӯстдор аст, метавонед дар қутти зебое шоколад ва десертҳои дӯстдоштаашро ҷамъоварӣ намоед ва бо мактуби пур аз суханони ошиқона онро канори бистараш гузоред.  Субҳгоҳон баробари аз хоб хестан дидани чунин тӯҳфаи ширин барои мард бисёр гуворо ва хотирмон хоҳад буд. 

2. Аксесуарҳо. Гӯшмонак, қолиндчаи зери мушаки компютер, ҳуруфчинаки компютер ва дигар ҷиҳози техникиро ҳамчун туҳфа интихоб намуда, шумо хато намекунед. Ин навъи тӯҳфаҳо ба мардоне, ки дилбохтаи компютер ҳастанд, писанд меоянд. 

3. Асаборомкунанда. Агар марди шумо дар кори хастакунандаи асабӣ ба монанди муалимӣ, духтурӣ, кор бо ноболиғон ва ғайра фаъолият мекунад, пас бояд чизеро интихоб намоед, ки борои ором шуданаи ӯ кӯмак кунад. Ба монанди бозичаҳои оромкунанда ва ё маҳскунаки асаб ва ғайра. 

4. Шавҳаратон дӯстонашро зуд-зуд ба хона меорад ва дар назди телевизор донаки офтобпараст мехӯранд, пас асбобҳоеро тӯҳфа намоед, ки барои бозӣ бо дӯстонаш лозим мешаванд. Ба монанди шоҳмот ва ё шашка. 

5. Шавҳаратон ба тозагии худ зиёд аҳмият диҳад, шонси интихоби туҳфа зиёд аст. Метавонед маҷмӯи асбобҳои тозакунандаи пойафзол туҳфа кунед. На он қадар гарон ва бисёр зарурӣ аст. 

6. Торт. Агар дастони моҳир доред ва пухтаҳоятон ба шавҳаратон писанд меоянд, барои шумо интихоби туҳфаи зодрӯзӣ хеле осон аст. Метавонед торти дӯстдоштаи шавҳаратонро пухта, онро ба таври рамзӣ ороиш диҳед. Ин туҳфаи ширин писанди хотираш хоҳад гашт.  

7. Термокружка. Ин асбоб барои мардоне, ки дар сари чамбараки мошин ҳастанд, ниҳоят зарурист. Дар зодрӯзаш ба мард онро туҳфа намоед ва ҳар рӯз нӯшокии дӯстдоштаашро тайёр кунед. Дар вақти кор менӯшаду аз шумо бо табассум ёд мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД