Қадами 1
Ҳар саҳарӣ қабл аз наҳорӣ дар ишками гурусна 1 қошуқ тухми зағирро нағзакак хоида, бо як истакон оби ширгарм фурӯ баред. Баъди ним соат метавонед наҳорӣ кунед. Тухми зағир ҷисмро хеле хуб тоза мекунад ва дар натиҷа пӯст ҳамвортару ботароват мегардад. Тухми зағир мӯй ва нохунҳоро низ бақувват мекунад.
Қадами 2
Кӯшиш кунед, ҳамарӯза лаблабуи пухта истеъмол намоед. Лаблабӯ пӯстро ба таври аъло тоза мекунад. Пӯст тоза бошад, зан зебо менамояд.
Қадами 3
Бегоҳирӯзӣ як соат қабл аз хоб ба рӯятон маҳлули аз омехтаи глитсерин ва витамини Е омодашударо молед. Барои 30 мл глитсерин 10 капсула витамини Е лозим аст. Капсулаҳоро бо сӯзан сӯрох карда ба даруни шишача резед. Аввал пӯсти рӯйро тоза карда бо чуткачаи мулоимак тавре маҳс кунед, ки пӯст андаке сурх шавад. Дар ин ҳолат ҳуҷайраҳои пӯст моддаҳои ғизобахшро ба тамом ҷабида мегиранд. Камбудии ягона ҳамин аст, ки то ҷабида шудани глитсерин пӯст часпак мегардад. Барои рафъи ин ҳолат ба рӯятон тоники тароватбахш пошед. Ҳар бегоҳ молидани ин маҳлул боиси ҳамвор гаштани чинҳо ва ботароват гаштани пӯст мегардад. Ин маҳлул чинҳои атрофи чашмро ҳамвор месозад.
Қадами 4
Агар ҳар рӯз на камтар аз 50 грамм чормағз истеъмол кунед, аллакай баъди 2 ҳафта ҳолати нохун ва мӯйҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Қадами 5
Аз хокаи ҳардал (горчитса) бо иловаи равғани мушхор ё растанӣ маҳлули шавламонанд тайёр карда, дар 3 рӯз як маротиба ба мӯйҳои тари худ молед ва баъди 20-30 дақиқа шӯед.
Қадами 6
Қабл аз хоб, баъди оббозӣ ба пойҳоятон равғани маскаи бо чанд қатра равғани хушбӯй омехташударо моледу ҷӯробҳои пахтагин пӯшида хоб равед.
Қадами 7
Барои чайқонидани мӯятон оби махсус тайёр кунед. Баъди ҳар дафъаи саршӯйӣ ба 1 литр об 5 қатра равғани ментол илова намуда, кокулонатонро чайқонед. Ин маҳлул дарди сарро таскин бахшида, сабӯсакро нест мекунад, барои мӯйи аз ҳад зиёд равғанин низ давои бемисл аст.