1. Қурбонӣ бар он шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд.
2. Шахси қарздор, агар пас аз пардохти қарз барояш он миқдор маблағе монад, ки соҳибнисоб гардад, қурбонӣ бар ӯ воҷиб мегардад.
3. Барои пардохти закот, баъд аз соҳибнисоб шудан гузаштани як соли ҳиҷрии қамарӣ шарт бошад, барои қурбонӣ кардан гузаштани як сол шарт нест.
4. Шахси фақир то охири рӯзи сеюми ид соҳиби маблағи муайян гардад, барояш қурбонӣ кардан воҷиб мегардад, агар қарздор набошад.
5. Шахсе, ки дар оғози айёми ид ғанӣ буд ва қурбонӣ накард, то ин ки дар охири айёми ид фақир шуд, бар ӯ қурбонӣ воҷиб намегардад.
6. Мусофири ғанӣ, агар пеш аз ғуруби рӯзи сеюми ид ба хонаи худ баргашт ё фақир қабл аз ғуруби рӯзи сеюми ид соҳибнисоб шуд, дар ҳар ду сурат қурбонӣ воҷиб мегардад.
Шахсе, ки соҳиби нисоби закот аст, вале аз сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накардааст, бояд қиммати моли қурбониро ба муҳтоҷону тангдастон садақа намояд.