Дар ин шабу рӯзе, ки тамоми ҷаҳон мубталои пандемияи Covid-19 гаштаааст, тамоми соҳаҳо зарари иқтисодиву молиявӣ дида истодаанд. Аҳли фарҳангу санъат, эҷодкорон ва махсусан, сарояндагон дар ин шабу рӯз чӣ ҳол дошта бошанд?!
Сомонаи “Оила” ба хотири бохабар шудан аз вазъи зиндагии ситораҳои эстрада дар шабу рӯзи пандемия бо баъзе аз ҳунармандон дар тамос шуда, аз ҳолу аҳволашон огоҳ шуд. Биёед, бубинем, ки коронавирус ба ҳаёти сарояндагони тоҷик то кадом андоза таъсир расонидааст? Дар ин шабу рӯз ҳунармандон аз кадом ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранду чӣ мушкиливу дарди дил доранд?
СИТОРАИ КАРОМАТУЛЛО: ШУКР, ЗАХИРА ДОШТАМ, ВАГАРНА ...
- Дар ин шабу рӯз, ки баргузории тӯю маъракаҳо манъ карда шуданд, Шумо аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред?
- Ростӣ гап дигар сарояндаҳоро намедонам, вале ман маблағи захира дорам, ки аз ҳамонҳо истифода бурда истодаам. Аз сабабе, ки фарзанд дорам, дар давраи пулдорӣ ба сарфакорӣ риоя мекардам, то ки дар рӯзҳои вазнин азоб накашам. Ягон бандаи Худо бе ризқ нест. Худованд ҳамон вақт ризқро аз ту мегирад, ки ту он вақт зинда нестӣ. Мо сарояндаем гуфта таъмини зиндагиро бар дӯши худ намегирем. Шукри Худо шавҳарам ҳаст ва таъмини сатҳи зиндагиям бар душаш аст.
- Чӣ гуна худро аз сирояти коронавирус ҳифз намуда истодаед?
- Дар хона карантинро риоя дорам ва пурра худро ба тарбияи духтарчаам Моҳ бахшидаам.
- Ба хонандагони “Оила” дар ин давраи вазнин чӣ гуфтан мехоҳед?
- Ба тамоми хонандагони “Оила” ва мардуми сарбаланди кишвар саломатӣ ва умри дароз хоҳонам. Сояаашон ҳеҷ гоҳ аз болои сари фарзандонашон дур набошад.
P. S: Сомонаи "Оила" силсиласуҳбатҳояшро бо ситораҳои санъати тоҷик идома дода, ҳар рӯз соати 9:00 бардоштаҳояшро дар сомона нашр мекунад. Пагоҳ суҳбати моро бо Мино дар мавзӯи мазкур пайгирӣ намоед.