20-уми майи соли 2025 соати 07:09 дақиқа дар роҳи мошингарди ҷумҳуриявии “Алмаато-Екатеринбург” наздикии нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии “Кайрак”-и ноҳияи Карабалики Ҷумҳурии Қазоқистон микроавтобуси тамғаи «Ford» ба як мошини боркаш бархӯрдааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, бар асари ин ҳодиса 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 5 нафар, аз ҷумла ронандаи мошин бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони марказии ноҳияи Карабалик интиқол дода шудаанд.
Фавтидагон:
1. Каримов Аҳтам Мамашоевич, соли таваллуд 05.08.1989;
2. Боқиев Назрулло Раҳматович, соли таваллуд 10.10.2001;
3. Боқиева Бахтигул Юсуфовна, соли таваллуд 13.06.1985;
4. Салиҳов Юсуф Рӯзиевич, соли таваллуд 18.02.1958;
5. Солиҳзода Фаёзиднин Шарофиддин, соли таваллуд 01.11.1990;
6. Аминзода Маҳмадюнуси Сафол, соли таваллуд 12.04.1992.
Ҷароҳатбардоштагон:
1. Ронанда Шарипов Сайвалӣ Шералиевич - 50-сола;
2. Каримзода Аминҷон Собирҷон - 25-сола;
3. Каримов Ҳалимҷон Собирҷонович - 37-сола;
4. Боқиева Шаҳринисо Хайруллоевна - 22-сола;
5. Шарипов Сайалӣ Мирзовалиевич - 37-сола.
Ҳамаи ҳалокшудагон ва захмиён сокинони ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон будаанд.