Formula september
6 роҳи осони ба кӯдакон омӯхтани забони англисӣ
162

Дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ шарт ва зарур аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 6 роҳи осони аз хурдсолӣ ба кӯдакон омӯзонидани забони англисӣ маълумот медиҳем.

1. Кӯдакон ҳанӯз ба аҳамияти омӯхтани забонҳои хориҷӣ сарфаҳм намераванд, бинобар ин, шумо бояд фарзандатонро шавқманд созед. Метавонед бар ивази ҳар як калимаи нави англисии ёд гирифтааш ба кӯдак ягон шоколад ё йогурт харед.

2. Бачаҳо тамошо кардани филмҳои тасвирӣ ва гӯш кардани афсонаро дӯст медоранд. Хоҳед, ки фарзандатон зудтар забони хориҷиро ёд гирад, барояш мултфилм ва афсонаҳои овозии англисӣ харед.

3. Аз коғазҳои часпанда карточкаҳо созед ва номи ҳар гуна ҳайвоноту ашёҳоро бо забони англисӣ дар онҳо навишта, ба яхдон, кати хоби кӯдак ва дигар ҷойҳо часпонед. Кӯдакон ҳар рӯз ин калимаҳоро дида, онҳо дар хотирашон нақш мебанданд.

4. Роҳи аз ҳама осони забономӯзӣ ба кӯдакон ин бозӣ аст. Агар шумо 2-3 фарзанд дошта бошед, метавонед бозии “Кӣ бештар номи меваҳо, парандаҳо ё ҳайвонотро бо забони англисӣ медонад?”-ро ташкил карда, ба ғолиб ягон туҳфаи хурдакак диҳед.

5. Кӯдакон телефонбозиро дӯст медоранд. Шумо метавонед дар телефонатон барномаҳои ҷолибро бо забони англисӣ зеркашӣ кунед. Ҳар рӯз чунин барномаҳои аҷибро бо забони англисӣ тамошо карда, фарзандонатон калимаҳои нав ба навро ёд мегиранд.

6. Хоҳед, ки кӯдаконатон забони англисиро хуб омӯзанд, ҳанӯз аз синни 5-6-солаги онҳоро ба курсҳои махсуси забономӯзӣ гузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД