1xbet
6 миллион кӯдакон аз мактаб маҳрум гашта метавонанд
219

Ҳудуди 6 миллион кӯдакон дар ҷаҳон метавонанд аз дастрасӣ ба мактаб маҳрум гарданд. Дар ин бора ЮНИСЕФ - Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид маълумот дода, ҳушдор додааст, ки бо сабаби коҳиши маблағгузорӣ ва кумакҳои байналмилалӣ то соли 2026 дар ҷаҳон тахминан 6 миллион кӯдакон имкони дастрасӣ ба мактабро аз даст медиҳанд.

“Кумаки расмӣ ба соҳаи маориф 3,2 миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 24% камтар аст. Қариб 80%-и ин коҳиш танҳо ба се кишвари донор вобаста аст”,- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки аз ҷумла барномаҳои ғизои мактабӣ, ки манбаи ягонаи ғизо барои бисёре аз кӯдакон аст, инчунин таҳсилоти духтарон ва умуман таҳсилоти ибтидоӣ зери хатар қарор доранд.

Дар натиҷаи коҳиши маблағгузорӣ кӯдакон дар Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ (-1,9 миллион), Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ (-1,4 миллион) ва Кот-д'Ивуар ва Мали махсусан осеб мебинанд.

Тавре Кэтрин Рассел, раиси ЮНИСЕФ гуфтааст, "дар паси коҳиши ҳар як доллар масъалаи сарнавишти кӯдаке ниҳон аст".

ЮНИСЕФ даъват намудааст, ки нисфи кумакҳо ба соҳаи маориф ба кишварҳои фақиртарин равона карда шуда, маблағгузории башардӯстона нигоҳ дошта шавад ва ба омӯзиши барвақтӣ афзалият дода шуда, системаи дастгирӣ ислоҳ карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД