Ҷавонписарон барои бо духтари писандиашон ошно шудан роҳу усулҳои гуногунро истифода мебаранд.
Яке маҳорати латифагӯӣ дорад, дигарӣ бо нигоҳҳои роздораш дили духтарро обу адо мекунад, аммо саволе беихтиёр дар зеҳни ҳар як ҷавони ошиқ пайдо мешавад, ки дар мулоқоти аввалин духтарро ба куҷо бурдан мумкин аст, то ки вохӯрӣ хотирмон ва фаромӯшнашаванда гузарад?
Аз ҳамин хотир мо ба ҷавонони дилдода чанд маслиҳати муфидро дар ин мавзӯъ пешкаш менамоем.
Кафе- макони зебо, роҳат ва дилкаш аст барои мулоқоти аввалини ду ҷавони дилдода. Дар сари миз шумо имкони дар ҳама мавзӯъ суҳбат карданро пайдо мекунед, бар замми ин, бо таоми болаззат шикаматонро сер карда, руҳан ба ҳамдигар наздиктар мешавед.
2. Тарабхона-барои барқарор намудани муносибатҳои ошиқона макони беҳтарин аст, аммо пеш аз оне, ки духтарро ба ресторан даъват мекунед, як бор даст ба ҷайби худ баред, ки оё имконияти пардохт намудани ҳаққи хизматашро доред ё не. Фаромӯш накунед, мабодо духтар ғизои қимматтарини тарабхонаро интихоб намояд, шумо ҳамчун мард ҳаққи рад кардан надоред, зеро ӯро худи шумо ба он ҷо даъват намудед.
3. Боғ-барои мардоне, ки дар вохӯрии аввалин сарфу хараҷот кардан намехоҳанд, ҷойи муносиб аст, аммо шумо бояд ба ҳадди максималӣ маҳорати сухандонии худро ба кор бурда, хушгӯӣ кунед, то ки духтар дилгир нашавад.
4. Парки атраксионӣ-ин макон барои духтароне, ки шӯхию бозиро дӯст медоранд, идеалӣ аст. Дӯстдухтаратон аз чунин тип духтарон бошад, метавонед вохӯрии аввалинатонро дар парк гузаронед, ҳам хараҷот на он қадар зиёд мешавад ва ҳам характери духтарро мефаҳмед.
5. Кинотеатр-дӯстдухтаратон ҳамеша дар дарс ё кор банд бошад, метавонед бегоҳ ё дар рӯзи истироҳат ӯро ба кинотеатр даъват кунед. Ин макон шуморо ҳам ба духтар зудтар ошно месозад ва ҳам шарме, ки доред, аз байн меравад.
6. Пик-ник. Фасли сол мусоид бошад, ин вариант барои вохӯрии ошиқона беҳтарин аст. Метавонед аз дӯстдухтаратон хоҳиш кунед, ки ягон ширинӣ пазад. Бо ин восита ҳунари пазандагӣдоштан ё надоштани духтарро мефаҳмед ва ба дастпухти маҳбубаатон баҳо медиҳед.
Дар табиати кушод сӯҳбат озодтар мегузарад, вале дар ёд дошта бошед, ки хароҷоти сафару интихоби макон ба ӯҳдаи шумост.