Дар фасли тирамоҳ дар рӯихати ғизоҳои мо бояд ҳатман хӯрокҳои дорои карбогидратҳои душвор аз қабили ғалладонагиҳо, сабзавот, кабудӣ ва мева вуҷуд дошта бошад.
Маҳсулоти ғоздошта заҳру ифлосиҳоро аз ҷисм берун месозад.
ЛАБЛАБУ
Афзалияти лаблабу аз дигар сабзавот дар он аст, ки дар шакли дилхоҳ пухта шуда, хусусиятҳои муфиди худро аз даст намедиҳад. Дар таркиби лаблабу витаминҳои гурӯҳи А, С, В, Е, Р, РР ва моддаҳои минералӣ зиёд аст. Лаблабу барои ба эътидол овардани мубодилаи моддаҳо ва кори дилу рагҳои хунгард хеле муфид аст, зеро маҳз ҳамин сабзавот назар ба дигар меваву сабзиҷот миқдори бештари йодро доро аст. Шарбати навҷабидаи лаблабу фишори хунро ба таври олӣ паст намуда, хастагии мушакҳоро рафъ месозад, бетаини таркиби он бошад, пайдоиши омосҳои бадфиолро пешгирӣ мекунад.
АНОР
Дар таркиби анор миқдори зиёди витаминҳо, хусусан витамини С ё ҷавҳари аскорбин вуҷуд дорад, ки барои пешгирӣ намудани зукоми тирамоҳӣ ва рафъ намудани табъи нохуш мусоидат мекунад. Илова бар ин, анор аз антиоксидантҳо ғанӣ буда, таъсираш ба пӯсти рӯй низ асар мекунад. Шарбати донаки анор сатҳи гемоглабинро дар хун баланд бардошта, сангҳои гурда ва талхадонро тоза, ҳазми хӯрокро беҳтар, табби баландро ҳангоми зуком паст мекунад. Ҳангоми интихоби анор ба ранги он нигоҳ накунед, баъзан анори пӯсташ сафеде, ки донаки обиву бунафшранг дорад, аз анори сурхи лаълфом ширинтар мешавад.
САБЗӢ
Бета-каротине (провитамини витамини А), ки дар таркиби сабзӣ вуҷуд дорад, барои кори муътадили масунияти одам муҳим аст. Он аз бемориҳои зуком, грипп, инфексияҳои роҳҳои нафас, узвҳои ҳозима ва пешоброн ҳифз намуда, ҷараёни пириро ба таъхир гузошта, чинҳои пӯсти рӯйро ҳамвор месозад. Фаромӯш насозед, ки витамини А танҳо дар якҷоягӣ бо чарбҳо ҳазм мешавад. Бояд зикр намуд, ки бета-каротини таркиби сабзӣ қодир аст, пӯсти дар офтоб сӯхтаро сафед намояд.
СЕБУ НОК
Тирамоҳ вақти истеъмоли себу нок аст, илова бар ин, тарбуз, харбуз, киви, лиму ва дигар меваҳои ситрусиро бештар истеъмол намоед. Ин меваву сабзавотҳо дорои витаминҳои А ва С, яъне антиоксидант маҳсуб меёбанду ҷараёни пиршавии пӯстро ба таъхир мегузоранд.
Равғани зағер
Ба равғанҳои растанӣ аз қабили равғани ҷуворимакка, зағер ва зайтун диқққати хоса диҳед. Ин равғанҳоро на танҳо ҳангоми бирён кардан, балки ба дигар ғизоҳои дӯстдоштаи худ илова карда метавонед. Равғани зағер ва зайтун аз омега-3 ва витамини Е ғанӣ буда, муҷиби азнавсозӣ ва шифоёбии пӯст мегардад. Витаминҳои мазкурро аз таркиби моҳии дарёгӣ низ дастрас кардан мумкин аст, ки ҳафтае як маротиба истеъмол карданашро тавсия медиҳем.