arzon replenishment
6 ғизое, ки дар фасли тирамоҳ барои саломатии кӯдакон заруранд
925

Дар фасли тирамоҳ организми кӯдакон нисбат ба тобистон заифтар мегардад, бинобар ин, дар ин айём ба ғизои атфол диққати бештар додан лозим аст.

Кӯдакон дар тирамоҳ бояд дар як рӯз 4 маротиба хӯрок хӯранд. Барои он ки бар асари тағйирёбии боду ҳаво кӯдакон тез-тез шамол кашида, бемор нашаванд, ба ғизои рӯзмарраи бачаҳо модар бояд хӯрданиҳои аз витамин ва минераҳо бойро илова намояд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 6 ғизои муфиде маълумот медиҳем, ки иммунитети кӯдаконро пурқувват месозанд.

Карам

Карам барои саломатии кӯдакон хеле фоиданок аст. Дар таркиби карам витаминҳои С ва К, ҳамчунин натрий, оҳан, кислотаи фолиевий ва клетчатка зиёд буда, кори узвҳои даруниро ба низом медарорад ва ҷараёни ҳазми хӯрокро беҳтар месозад.

Шумо метавонед ба хӯроки фарзандонатон карам андозед ё аз он хӯришҳои хушмазза дуруст намуда, ҳамроҳи хӯроки дуюм ба назди кӯдакон гузоред

Каду

Бисёриҳо ба каду назарногирона менигаранд, вале дар асл он барои саломатии инсон, махсусан кӯдакону наврасон бениҳоят фоиданок аст. Дар таркиби каду витаминҳои А, С, В, В2, Е, РР, Т зиёд буда, назар ба сабзӣ 5 маротиба бештар каротин дорад. Бо саршавии соли хониш кӯдакон бештари вақти худро ба хондану навиштан сарф мекунанд. Каротин барои нигоҳдории нури чашм ёрӣ мерасонад.

Хуч

Хуч барои саломатии кӯдакон бениҳоят фоидаовар аст. Дар таркиби хуч нисбат ба лимӯ 40 маротиба бештар витамини С мавҷуд мебошад, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Хуч дар таркибаш ҳамчунин витаминҳои B1, В2, B6, K, E ва РР дошта, ҳамзамон аз фосфор, калий, оҳан, марганец ва минералҳои дигаре, ки ба пурқувват гаштани иммунитети кӯдакону наврасон ёрӣ мерасонанд, бой мебошад. Дар фасли тирамоҳ ҳатман дар як рӯз ақаллан 1-2-маротиба ба фарзандони худ як истакони оби хуҷ нӯшонед. Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ метавонед оби хучро ҷӯшонда ба термосчаи фарзандатон резед, то ки дар мактаб бинӯшад.

Чормағз

Чормағз дар таркибаш витамини Е, кальций, магний, цинк, оҳан, селен ва йод дорад. Ин моддаҳо барои ҷисми кӯдакон, ки дар ҳоли рушд қарор доранд, бениҳоят заруранд, зеро бофтаҳо ва устухонҳоро пурқувват гардонида, нури чашмро равшан месозанд ва камхуниро пешгирӣ менамоянд. Фақат ба зиёдаравӣ роҳ додан лозим нест. Ба кӯдак бояд бо меъёри муайян чормағз дод, чунки душворҳазм буда, боиси пайдоиши аллергия гашта метавонад.

Моҳӣ

Ба кӯдакон бештар гӯшти моҳӣ доданро ҳам духтурони кӯдакона ва ҳам диетологҳо тавсия медиҳанд, зеро тамоми навъҳои моҳӣ дар таркибашон аминокислотаҳои зиёд, витаминҳои A, D, омега-3, омега-6, фосфор ва кальций дошта, ба пурқувват шудани устухонҳо ва хуб рушд намудани ҷисми кӯдак ёрӣ мерасонанд. Бар замми моддаҳои номбаркардаамон моҳӣ дар таркибаш боз фтор, йод, калий ва бром дорад, ки барои саломатии кӯдакон хеле заруранд.

Донагиҳо

Субҳонаи беҳтарин барои кӯдакон дар фасли тирамоҳ ин шавла мебошад. Махсусан шавлаи аз ярма тайёршуда барои саломатии кӯдакон фоиданок аст, зеро он аз клетчатка ва витамину минералҳои гуногун бой мебошад. Меъдаю рӯдаҳои кӯдакон шавларо ба осонӣ ҳазм мекунанд, бинобар ин, ҳар саҳар барои фарзандони худ ин ё он намуди шавларо аз донагиҳо омода созед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД