Formula novemver 2024
50000 надиҳӣ, дар интернет шармандаат мекунам!
1034


            Ғайратро барои “шантаж” кардани                             маъшуқаи шавҳардораш дастгир                                                    карданд!


Мутаассифона дар ҷомеаи мо баъзе мардҳое ҳастанд, ки модар, хоҳар ва зану духтар доштани худро фаромӯш карда, бо ҳаёт, обӯ ва шаъну шафари дигар занҳо бозӣ мекунанд. Ин тоифаи мардони беномус бо мақсади нопок худро Маҷнуни сонӣ нишон дода, дили занҳои зудбоварроба даст меоранд ва баъди оне, ки зан ба ишқи дурӯғини ошиқаш бвар карда, ба дом афтид ба “шантаж” кардани маъшуқаи содаашон сар мекунанд. Яке аз чунин ноҷавонмардон сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ғайратҷон Рӯзиматов мебошад, ки барои “шантаж” кардани маъшуқааш дастгир шудааст.
Ғайратҷон Рӯзиматов 34-сола буда бо як зани 30-солаи сокини ҳамин ноҳия бо мақсади нопок шинос мешавад, дар ҳоле, ки ҳарду оиладор ва фарзанддор мебошанд. Баъди чанд моҳи шиносоиву ишқварзиҳо ниҳоят Ғайрат сари мақсад омада, суратҳо ва сӯҳбатҳои маҳрамонаи З.К-ро дар хотираи телефонаш сабт мекунад. (Ин сабт албатта бо мақсади пулситонӣ бо роҳи шантаж аз “маъшуқааш” буд)
Ниҳоят моҳи августи соли равон нафси шаҳвонии ин марди фиребгар боло гирифта аз З.К ташкили ҳамхобагӣ мекунад, аммо ҷавонзан ин хоҳиши ӯро рад мекунад. Ғайрат “пайти мувофиқ” ёфта, дар назди зан шарт мегузорад, ки ё бо вай ҳамхобагӣ кунад ё 50 ҳазор сомонӣ пул диҳад, дар акси ҳол аксҳо ва смс-ҳояшро ба тамоми пайвандонаш ва ҳамдеҳагонаш нишон додаю дар шабакаҳои интернетӣ паҳн карда, шарманда ва беобрӯяш мекунад.
Зан, ки фиреб хӯрдан ва хато будани роҳашро дер бошад ҳам, дарк карда буд, бо ариза ба мақомоти милитсияи ноҳияи Ҷаббор Расулов шикоят мекунад.
10 ҳазор сомониро соати 10-и шаб
гирифту ба даст афтод
Мақоли маъмулии “Як бор ҷастӣ махалахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба шастӣ махалак”-ро дар ин ҳодиса ёдовар шудан айни муддаост, зеро Ғайрате, ки мехост маъшуқаи соддашро ҳамчун ҳамёни зиндаю тамомнашванда истифода барад, ниҳоят шоми 16-август соати 10-и шаб дар вақти гирифтани 10 ҳазор сомонӣ аз маъшуқаи ба доми фиреб афтдааш ба даст афтад.
Тавре аз гузориши масъулини РВКД ҶТ дар вилояти Суғд дида мешавад, дар посух ба саволи кормандони милитсияи вилоят, ки кадом суратҳояш дар телефони шумо ҳаст-Ғайрат мегӯяд:
-Суратҳо хеле зиёданд. Бештараш оилавӣ ва он зан бо оилааш, фарзандонаш якҷоя аст.
Айни ҳол нисбати Муродбек бо моддаи 250 Кодекси Ҷиноятии ҶТ (тамаъҷӯйӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, парвандаи ӯ барои фикри айбдорӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шудааст.
Боиси таассуф аст, ки зани соҳиби илаи обод ва шавҳару фарзанд бо мардги бегона муносибат карда, билохир кораш бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ расидааст. Умедворем, ки ин ҳодиса бояд ба дигар занҳо дарси ибрат мегардад ва минбаъд қадамашонро дар зиндагӣ дониста мегузоранд.
Хоҳарони азиз! Ҳаргиз аз роҳи рост берун наравед, зеро охири роҳи каҷ албатта шармандагию беорӯӣ ва хонавайронист.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД