5 тоифаи фарзандон, ки боиси озор ё хушбахтии волидон мегарданд
31.01.2026
Oila.tj
116

Фарзандон аз нигоҳи итоатпазирӣ ба панҷ гурӯҳ тақсим мешаванд:

1. Фарзанди оқшуда. Фарзанде ки аз волидон итоат намекунад ва фармони онҳоро ба ҷо намеорад, балки бар зидди онҳо бадрафторӣ ва нофармонӣ мекунад.

2. Фарзанди маҳрум аз аҷр ва савоб. Фарзандест, ки аз волидон итоат мекунад, аммо фармони онҳоро бо ризоят ва майли дил иҷро намекунад, балки бо берағбатӣ анҷом медиҳад.

3. Фарзанди гунаҳкор. Фарзандест, ки фармони волидонро ба ҷо меорад, аммо баъди он миннат мегузорад ва онҳоро озор медиҳад ва бар рӯяшон фарёд мезанад ва онҳоро нороҳат месозад.

4. Фарзанди сазовори аҷру савоб. Фарзандест, ки аз волидон итоат мекунад ва амри онҳоро бо камоли майлу муҳаббат иҷро мекунад ва онҳоро хуш ва розӣ нигаҳ медорад.

5. Фарзанди солеҳ. Фарзандест, ки аз волидон итоат мекунад ва пеш аз он ки волидон ба ӯ амр кунанд ва коре супоранд, худаш бо заковат ва тиёрӣ мувофиқи хоҳиши онҳо анҷом медиҳад ва ҳамеша дар хизмати эшон буда, дар касби ризо ва дуои онҳо саъй мекунад.

Кӯшиш кунед, ки аз ҷумлаи фарзандони солеҳи волидайн бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД