5 шакли маъмули зӯроварии рақамӣ, ки ҳар шахс метавонад ба он гирифтор шавад
05.12.2025
Oila.tj
109

Ҷаҳони муосирро бидуни интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан душвор аст. Рушди бонизоми технологияҳои иттилоотӣ имкон медиҳад, ки мову шумо ҳамқадами замон бошем, аз хабару навигариҳои гуногуни ҷомеа воқиф гардем ва назари худро доир ба мавзуҳои мухталиф баён намоем. Аммо беэҳтиётӣ дар фазои маҷозӣ метавонад боиси гирифтор шудан ба шаклҳои гуногуни зӯроварии рақамӣ гардад.

Инак, мо ба шумо дар бораи 5 шакли зӯроварии рақамӣ маълумот медиҳем, ки дар ҷомеаи имрӯза бештар ба назар мерасанд.

Кибербуллинг

Яке аз шаклҳои хеле маъмулии зӯроварии рақамӣ буда, бештар дар шакли озору таҳкир, масхара ва ирсоли паёмҳои бадномкунанда зуҳур менамояд.

Фишор ё таҳдид (harassment)

Ба ин шакли зӯроварии рақамӣ бештар занону духтарон ва наврасон дучор мешаванд ва он бо ирсоли паёмҳои нохуш бо мақсади ба вуҷуд овардани тарс зуҳур менамояд.

Киберсталкинг

Киберсталкинг - ин шакли зӯроварии рақамӣ бо пайгирӣ ё назорати маҷбурӣ тавассути интернет зуҳур менамояд.

Фиреби рақамӣ (scam, grooming)

Шакли дигари зӯроварии рақамӣ буда, бо ҷалби шахс, хусусан наврас ба муоширати хатарнок таввассути боваркунӣ зуҳур менамояд.

Фейкҳо ва овозаҳои зараровар

Паҳн кардани маълумоти бардурӯғ бо мақсади паст кардани обрӯи шахс шакли дигари зӯроварии рақамӣ мебошад, ки дар ҷомеаи имрӯза зиёд дучор меояд.

Барои пешгирии зӯроварии рақамӣ омӯзиши саводнокии рақамӣ, истифодаи механизмҳои техникӣ, аз қабили блок кардани шахси зӯроварикунанда, маҳдуд намудани паёмҳо, муоширати солим дар оила ва мактаб, дастгирии шахси ҳадафи зӯроварӣ қароргирифта зарур мебошад.

Агар шахс бар асари зӯроварии рақамӣ ба стресс ё изтироби рӯҳӣ гирифтор гашта бошад, бояд ҳатман ба мутахассисон муроҷиат намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД