Arzon march 2024
5-сабаби ба мулоқоти ошиқона дер кардани зан
1615

Аксари мардон аз дер кардани духтар ё зани дӯстдоштаашон ба мулоқоти ошиқона асабонӣ мешаванд. Ҷавонмарди ошиқ шаб то саҳар хоб накарда, тайёрӣ мебинад, барои вохӯрӣ бо маликаи орзуҳояш макони муносиб меёбад, гул ва ширинӣ харида, 15-20 дақиқа пештар меояд, то мабодо дер карда, боиси озурдагии табъи бону нагардад, вале духтар бо орову торои худ машғул шуда, гӯё ӯро фаромӯш месозад. Кӯки чашми мард то расидани маликаи орзуҳояш канда мешавад.

Мехоҳед донед, ки духтарон қасдан ба мулоқоти ошиқона дер меоянд ё дер мондан дар табиати зан аст?
Пас муттаваҷеҳ бошед. Имрӯз мо дар бораи сабабҳои асосии дер кардани бонувон ба мулоқоти ошиқона маълумот медиҳем.

Дер кардан дар хуни зан аст
Яке аз сабабҳои асосии дер омадани занону духтарон ба мулоқот дар он аст, ки аксари бонувон тарзи дуруст тақсим кардани вақти худро намедонанд. Ин тоифаи бонувон ба ҳама ҷо: ба донишгоҳ, ба кошонаи ҳусн, ба духтури дандон ва ҳатто ба вохӯрӣ бо дугонаи беҳтаринашон дер мемонанд. Аз ин лиҳоз, аз дер кардани хонуми дӯстдоштаатон дилгир нашавед, бо мурури вақт ин одати бадашро мепартояд.

Миҷози духтарро омӯзед
Мизоҷи духтари дӯстдоштаатонро омӯхта, сабаби дер карданашро шумо аниқ фаҳмида метавонед. Духтаре, ки миҷозаш флегматик аст, ҳеҷ гоҳ барои дер монданаш зиқ намешавад, чунки флегматикҳо табиатан сусткор буда, бо оҳистагӣ либос мепӯшанд ва бо тамкин қадам мегузоранд. Бонувоне, ки мизоҷашон меланхолик аст, на бо сабаби оҳистакорӣ, балки аз хавотирии зиёд дер мекунанд. Ба назари зани мизоҷош меланхолик чунин намуда метавонад, ки креми рӯё ё лаки нохунҳояш безеб шудааст. Нохунашро аз нав ранг кардаю дубора макияж намуда, баъдан дурудароз курта интихоб мекунад. Мусаллам аст, ки саргарми орову торои худ шуда духтар ба вохӯрӣ дер мекунад ва баҳонаҳои зиёдеро пеш меорад. Бо ин амалаш духтар бону шуморо фиреб намекунад, вай барои он ки дар борааш гумони бад накунед, далел пеш меорад. Хонумҳое, ки мизоҷашон холерик ва сангвиник аст, ҳеҷ гоҳ ба мулоқот дер намекунанд, ба шарте, ки ягон кори муҳим садди роҳашон нагардад.

Қасдан дер мекунад, то мардро бисанҷад
Занону духтароне низ ҳастанд, ки қасдан ба мулоқот дер мекунанд, то ки мардро бисаҷанд. Бону мехоҳад фаҳмад, ки шумо ӯро интизор мешавед ё меравед. Барои дер мондан таънаву маломаташ мекунед, сабаби дермониашро пурсон мешавед ё бо диданаш чунон шод мегардед, ки дер карданашро нодида мегиред...

Қадри худро паст кардан намехоҳад
Боз як сабаби дер кардани бонувон ба мулоқоти ошиқона дар он аст, ки зан ё духтар қадри худро паст кардан намехоҳад. Ҷавони бо дастаи гул дар назди ягон ҳайкал рост истода диққати касеро ҷалб намесозад, вале чунин образ ба духтар зебанда нест. Аз ҳамин хотир духтар дер меояд, то ки ҷавонро интизори роҳи худ намуда, дар назари дигарон аҳмақ натобад.

Арӯс не, агенти КГБ
Иддае аз занону духтарон мисли агенти КГБ пешакӣ ба ҷои мулоқот рафта дар ягон гӯша пинҳон мешаванд, то кай омадан ва чи қадар ба роҳпоӣ тоқат кардани ҷавонро фаҳманд. Баъди чанде пинҳоншавӣ духтар аз камингоҳ мебароянд ва тавре рафтор мекунад, ки гӯё навакак омадааст. Ҷавони дӯстдоштаашонро интизор намуда, бо ҳамин роҳ занону духтарон қадру қимати худро баланд бардоштан мехоҳанд.

Мард бояд чӣ кор кунад?
Аксари мардон аз дер омадани зан ё духтари дӯстдоштаашон ба ғазаб омада, гумони бад мебаранд ва маҳбубаашонро дар хиёнат муттаҳам карданӣ мешаванд. Ба чунин ҷавонмардон маслиҳат медиҳем, ки худро ба даст гирифта, оромона рафтори бонуро дар тарозуи ақл баркашанд. Фаромӯш насозед, ки духтарон барои зеботару раънотар гаштан вақти бештар сарф мекунанд ва ҳамааш ба хотири шумост!
Рафту духтар дер кунад ва телефонаш ҷавоб надиҳад, ин маънои бо марди дигар будани ӯро надорад. Эҳтимол маҳкамшавии роҳ ва ё монеаи дигар боиси дер кардани зани дӯстдоштаи шумо гашта бошад. Аз ҳамин хотир қошу қавоқ гиронда, ҳам дили бонуи дӯстдоштаатон ва ҳам дили худро хиҷил насозед. Дер кардани духтар маънои онро надорад, ки вай шуморо дӯст намедорад. Бахт хоҳед, интизор шавед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД