Пешгирӣ аз табобати ҳама гуна беморӣ, махсусан бемориҳои дил дар кӯдакон осонтар ва арзонтар аст, бинобар ин, волидонро лозим аст, ки ба саломатии фарзандони худ диққати ҷиддӣ диҳанд.
1. Барои пешгирии касалиҳои дил фарзандони шумо бояд ҳаёти фаъолона ба сар бурда, бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд. Кӯдаконатонро ба сексияҳои гуногуни варзишӣ гузоред, ба толори варзиш баред, ё ҳадди ақал ҳар рӯз бо машқҳои пагоҳирӯзӣ машғул шуданро ба онҳо одат диҳед.
2. Кӯшиш кунед, фарзандонатон ба ҷойи хӯрокҳои тезтайёр, яъне фаст-фуд ғизои солим истеъмол намоянд.
3. Тавре болотар ишорат кардем, яке аз сабабҳои пайдоиши бемориҳои дил дар кӯдакон ин фарбеҳӣ мебошад, бинобар ин, ба фарзандонатон бештар меваю сабзавоти тару тоза дода, аз хӯрокҳои хамирӣ ва аз ҳад зиёд серравған, ки боиси фарбеҳӣ ва вазни зиёд гирифтани кӯдакон мешаванд, парҳез намоед. Нагузоред, ки фарзандони шумо аз меъёр зиёд ғизо хӯрда, фарбеҳ шаванд.
4. Бо мақсади пешгирии касалиҳои дил кӯдакони худро соле ақаллан як маротиба аз ташхис гузаронед.
5. Дар сурати собит гаштани ба ин, ё он бемории дил гирифтор будани фарзандатон, дарҳол аз паси табобат шавед. Дар хотир дошта бошед, ки табобати иллатҳои дил дар давраи аввали пайдоиши беморӣ осонтар аст.
Усулҳои табобати касалиҳои дил
Маъмулан, барои ташхиси касалиҳои дил дар кӯдакон усулҳои замонавии УЗИ, ЭКГ, эхокардиографияро истифода мебаранд. Дар тибби муосир усулҳои гуногуни табобати иллат, нуқсон ва бемориҳои дил мавҷуданд, вобаста ба навъи беморӣ, ва ҳолати кӯдаки бемор табиб ба фарзанди шумо табобати доругӣ, ё амалиёти дигарро таъин хоҳад кард.
Аз ҷарроҳии дил натарсед!
Мабодо табибон барои бартараф кардани нуқсонҳои дил гузаронидани ҷарроҳии дилро тавсия диҳанд, рад накунед, зеро имрӯзҳо илми тиб хеле пеш рафтааст, ва ҷарроҳии дил дар кӯдакон аксаран бомуваффақият мегузарад. Пас аз ҷарроҳӣ кӯдак давраи барқароршавиро мегузарад, ва ба зудӣ саломатиаш рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Фаромӯш накунед, ки муносибати ғамхорона нисбат ба саломатии кӯдакон кафили ояндаи дурахшони фарзандони шумост!