Formula novemver 2024
5-роҳи халосӣ аз доғҳои рӯй
1337

 

Вақте пӯсти рӯй доғ мезанад
Яке аз сабабҳое, ки мутахассисон истифода намудани малҳамҳои зидди офтобиро тавсия медиҳанд, ин пайдоиши доғҳои пӯст аст.

Нурҳои офтоб яке аз омилҳои маъмултарин ва асосии пайдоиши доғи рӯй аст. Доғҳои пигментӣ дар пӯсти рӯи инсон модарзодӣ ва баъдан бо мурури замон пайдо мешаванд. Дар пӯсти нафарони сафедпӯст аксаран доғҳои кунҷитак пайдо мешавад.

Сабабҳои пайдоиши доғи рӯй
1. Халалёбии мувозинаи ҳормонӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ё халалёбии кори организм.
2. Баъди истеъмоли баъзе дорувориҳо.
3. Ҳангоми бемориҳои ҷигар.
4. Норасоии витамини С

Яке аз сабабҳои маъмултарини доғ пайдо кардани пӯсти инсон пиршавӣ аст, баъди 40-солагӣ пӯст бештар доғ пайдо мекунад, хусусан агар нурҳои офтоб аз ҳад зиёд бошад.

Чанд соли охир нурҳои офтоб бениҳоят шадид гаштаанд, аз ин рӯ, косметологон бе истифодаи малҳами ҳифзкунанда ба кӯча баромаданро тавсия намедиҳанд. Хусусан баъд аз фасли тирамоҳ аксари бонувон дар фикри халосӣ ёфтан аз доғҳои пӯст мешаванд.

Аз доғи пӯст халос шудан илоҷ дорад?
Барои тоза кардани доғҳои рӯй косметологон амалиётҳои гуногунро пешниҳод мекунанд, ин амалиёти криотерапия, пилинги кимиёвӣ, сӯфтасозии лазерӣ ва ғайра мебошад.

Қабл аз он ки ба ин амалиётҳои хатарнок даст мезанед, бояд аз воситаҳои дастрас истифода бурд. Чанд дастури мардумӣ вуҷуд дорад, ки бо истифода аз он доғҳои пӯстро тоза кардан мумкин аст.

Лимӯ
Дар таркиби лимӯ витамини зиёди С вуҷуд дорад, ки коркарди меланинро кам мекунад. Азбаски истифодаи лимӯ барои пӯсти хушку нозук тавсия дода намешавад, онро бо истифода аз чӯбчаи пахтадор ба мавзеҳои доғдоштаи пӯст молед ва баъди 10 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.

Шарбати лимӯро бо асалу равғани зайтун аралаш карда, ба пӯст молидан мумкин аст.Миқдори маҳсулот бояд як ба як бошад. Ниқоби мазкурро ҳафтае 2-3 бор молидан лозим аст.

Ҷаъфарӣ
Бо шарофати ҷавҳар ва витаминҳои таркиби ҷаъфарӣ (петрушка) ин кабудӣ доғҳои пӯстро хеле хуб тоза мекунад.

Ҳамагӣ дар давоми 1,5-2 ҳафтаи истифодаи шарбати ҷаъфарӣ доғҳои пигментӣ тамоман бе ранг мешаванд. Барои сафедкунонии доғҳо тамоми кабудиро майда кардан лозим аст.

Онро бо истифодаи блендер майда карда, ба пӯсти рӯй молед ва 25 дақиқа нигоҳ доред. Ниқоби мазкурро ҳафтае ду бор истифода бурдан кофӣ аст.

Маҳсулоти ширӣ
Кефир, ҷурғот (ряженка) ва шир доғҳои рӯйро тоза мекунанд. Маҳсулоти ширии номбаршуда дорои ҷавҳари ширӣ аст, ки пӯстро сафед мекунад. Рӯзе ду бор молидани маҳсулоти номбаршудаи ширӣ ба мавзеи доғдоштаи пӯст боиси тоза шудани он мегардад.

Бодиринг
Сабзавот низ бо сабаби бой будани таркиби худ доғҳои пигментиро тоза мекунад. Истифода бурдани ниқоби бодирингӣ сабук ва форам аст. Бодирингро ҳалқача бурида, ба пӯсти рӯй чида, 15 дақиқа нигоҳ доред. Шарбати бодирингро аз рӯй шустан лозим нест.

Ниқоби дигари таъсирбахшро аз бодиринг ва асал омода кардан мумкин аст. Бодирингро майда карда, бо як қошуқ асал омезиш дода, дар пӯсти рӯй 20 дақиқа нигоҳ доштан лозим аст.

Картошка
Бо шарофати витамини С картошка қодир аст, ки доғҳои пӯстро тоза кунад. Пораҳои резашудаи картошкаро ба мавзеи доғи пӯст часпонида, баъди 5 дақиқа шустушӯ кардан лозим аст.

Агар картошкаро аз турбтарош гузаронед, шарбаташро барои ба пӯст молидан истифода кардан мумкин аст. Бо истифода аз дока шарбати картошкаро ба пӯсти рӯй молида, 20 дақиқа нигоҳ доред.

Боз як ниқоби дигари беҳтаринро бо истифода аз картошка ва асал омода кардан мумкин аст. Шарбати картошкаи аз турбтарош гузаронидашударо бо асал омезиш дода, 15 дақиқа дар пӯсти рӯй нигоҳ доред.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД