Саломатии инсон аз бисёр ҷиҳат ба ғизое, ки истеъмол мекунад, вобастагӣ дорад. Хӯрдани хӯрокҳои сахту бирёнӣ ва нӯшидани обҳои газноку сард ҳатто дар фасли тобистон метавонад боиси ба бемориҳои меъдаву рӯда ва дигар касалиҳо гирифтор гаштани шахс шавад. Бояд гуфт, ки натанҳо ғизои истеъмолшаванда, балки тарзи истеъмоли хӯрок низ дар саломатӣ нақши муҳим дорад. Хоҳед, ки солиму бардам бошед, ба ин қоидаҳои оддӣ риоя намоед.
1. Ҳар саҳар баъд аз хоб бедор шудан 1-2 истакон оби ширгарм нӯшед. Ин имкон медиҳад, ки тамоми узвҳои ҳозима бо об таъмин гашта, маҳсулоти фосидгашта аз меъдаву рӯда хориҷ ва ѓизои субҳона ба хубӣ ҳазм шавад.
4. Пеш аз хӯрдани таом, ҳангоми тановул ва баъд аз он дарҳол обу чой нӯшидан мумкин нест, зеро шираи меъдаросуюқ мекунанд ва ҳатто пурра мешӯянд. Дар ин ҳолат ѓизои истеъмолкардаи шумо ба пуррагӣ ҳазм намешавад, балки фосид гашта, як навъ заҳр ҷудо мекунад.
3. Таомро пурра, яъне то охир нахоида фурӯ баред, зеро луқма хушк ба меъда меравад. Дар ин ҳолат меъдаро лозим меояд, ки шираи бисёр ҷудо намояд, то луқма мулоим гардад.
4. Бо мақсади мулоим шудани хӯрок дарҳол баъди ба даҳон андохтани луқма аз болояш об ё шарбат нанӯшед. Дуруст аст, ки бо кӯмаки об луқма мулоим мешавад, аммо на ҳамаи ѓизо бо шираи меъда омехта шуда, то охир ҳазм ва ҷаббида мешавад. Ферментҳои таркиби ғизо ба пуррагӣ ҳазм нашаванд, одам зуд фарбеҳ мешавад.
5. Фаромӯш накунед, ки обро низ мисли чой ҷуръа-ҷуръа бояд нӯшид, то ба кори гурдаҳо вазнинӣ наорад. Ин гуна нӯшидани об ташнагиро хубтар рафъ месозад.