5-одати баде, ки занро бармаҳал пир мекунад
Занон аз пири бештар аз марг метарсанд. Ҷавону зебо мондан хоҳед аз одатҳои бади худ даст кашед. Одатхои бад гуфтабисёрихо сигоркашиву истеъмоли ғизои носолимро дар назар доранд, вале баъзе одатҳои ба назари мо безарар низ муъҷиби пиршавӣ мегарданд. Инак, панҷ маслиҳати судманд барои бардавом сохтани ҷавонию зебоии пӯст ва қомати мавзун.
Қавоқ наандозед
Ожангҳое, ки дар кунҷаки чашмон ба вуҷуд меоянд, сабаби қавоқ андохтану нимпӯш кардани чашмон мешаванд. Сабабҳое, ки зараровари пӯст гаштаанд, инҳоянд:
–Айнаки нодуруст интихобшуда ҳангоми хирабинии чашм.
-Напӯшидани айнаки аз офтоб ҳифзкунанда дар ҳавои офтобӣ. Аз таъсири нурҳои офтоб пӯсти мо ҳассос мегардад, ҳол он ки пӯсти атрофи чашм тунуку нафистар аст. Аз таъсири офтоб чашмро нимпӯш кардан боиси он мегардад, ки ожангҳои дар кунҷаки чашмон пайдошуда, дигар ҳамвор намешаванд. Барои ислоҳи ин камбудӣ аз малҳамҳои дорои коллаген истифода бурда, рӯзе чанд маротиба гимнастикаи одии чашмро аз қабили ба болову поён, ба росту чап нигаронидани чашмон иҷро намоед.
Сақич нахоед
Одати бо чӯбча нӯшидани нӯшокиҳо барои пӯст чандон фоидаовар набудааст. Бо бурма кардани лабҳоятон дар атрофи он чинҳое пайдо мешаванд, ки ислоҳ карданашон тамоман номумкин аст. Одати дигаре, ки ба зарари пӯсти атрофи лаб аст, сигоркашӣ мебошад. Аксарияти сигоркашон аз ҳамсолонашон пиртар менамоянд. Одати сақичхоӣ ё донаки офтобпарастхоӣ на танҳо кори узвҳои ҳозимаро вайрон мекунад, балки боиси пайдоиши ожангҳо дар атрофи биниву лабҳо низ мегардад. Бояд гуфт, ки сақичхоӣ ва донакхоӣ нишонаи бемории невроз ва асабонияти сахт аст. Беҳтараш қабл аз он ки дилатон майли донаки офтобпараст ё донаки дигар намуд се –чор дақиқа асабатонро ором созед. Дар ҷоятон озодона шинед, кафи дастонатонро рӯйи зонувонатон рӯ ба боло гузошта, чашмонатонро пӯшеду нафас кашед. Ҳаворо бо бинӣ нафас кашида, бо даҳон берун бароред.
Пӯстро сахт намолед
Дар пӯсти рӯй қисматҳои хурди карахтшуда боқӣ мемонанду боиси ифлос шудани пӯст мегарданд. Ин чиркҳоро бояд сари чанд вақт тоза намоед. Дар ин кор аз ҳад гузаронидан бар зарари пӯст аст. Аз скраб ҳафтае беш аз як маротиба истифода баред, қисмати болоии пӯстро осеб мерасонад. Дар ин ҳолат пӯст зуд инфексияҳоро қабул мекунад ва ба зудӣ пир мешавад.
Дар интихоби скрабҳо боэҳтиёт бошед. Пӯсти гардан хеле нозук аст, барои ин мавзеъ малҳами поккунандаеро истифода баред, ки қисматҳояш ниҳоят хурд бошанд.
Пӯсти рӯято ҳассос ва аллергия дошта бошад, аз скрабу гелҳои дорои ҷавҳари меваҳо истифода набаред. Баъди тоза кардани пӯст ҳатман малҳами хуби нармкунанда молед. Пӯстатон хушку зуд-зуд дар он доначаҳои сурхак пайдо мешуда бошанд, малҳамҳоеро истифода баред, ки аз равғани зайтун ва сабр иборатанд. Рафту пӯстатон равғанин бошад, малҳами дорои ҷавҳари гламуронро истифода баред.
Малҳами муҳофизатӣ
Ғалати калонтарини бонувони ҷавон дар он аст, ки то сини 35-солагӣ аз малҳамҳои ҷавонкунандаи пӯст (крем для омоложения) истифода мебаранд. Ҳар як синну сол косметикаи худро дорад. То сини 25-солагӣ аз тоник ва малҳамҳои нармкунанда (дар ҳавои сард ҳифзкунанда) истифода бурдан кофист. То 35-солагӣ бошад, аз малҳамҳои ғизобахш (питательный) ва косметика-антистресс истифода баред.
Лифтинг ва малҳамҳои бар зидди чинҳои пӯстро наздики 40-солагӣ истифода мебаранд.