Formula september
5 насиҳати Паёмбар (с)
19.10.2024
ОИЛА.ТҶ
827

Абдуллоҳ ибни Аббос (р) нақл мекунад, ки рӯзе ҳамроҳи Расули Худо (с) чорпоя нишаста будам, ки ба ман чанд насиҳат карданд:

1. Ту ҳаққи Худовандро муҳофизат кун, Аллоҳ Таъоло туро муҳофизат мекунад.

Муъмин бояд тибқи фармудаи Худованд ва суннати Паёмбар (с) зиндагӣ кунад, яъне дар намоз, рӯза, закот, хайроту садақот, ахлоқ, суханронӣ ва муошират ба аҳкоми илоҳӣ ва суннати Расули Акрам (с) пойбанд бошад. Дар чунин ҳолат Худованд ӯро аз ҳар гуна машаққату парешонии дунё ва охират ҳифз мекунад.

2. Ҳар гоҳ чизе мехоҳӣ, танҳо аз Худованд бихоҳ!

Баҳри лутфу карами Худованд чунон васеъ аст, ки ақли инсон ҳайрон мемонад. Агар Худованд мутобиқи хоҳишу орзуи ҳар кас бидиҳад, аз хазонаи илоҳӣ заррае кам намешавад. Ва он шахси сарватманд ҳам хушнасиб аст, ки ту дар ин ҷо аз Худованд мехоҳӣ ва дар он ҷо Аллоҳ Таъоло дар дили ӯ меандозад ва ӯ беқарор шуда, чизе бароят хайру эҳсон ё ҳадя мекунад.

3. Вақте муҳтоҷи мадад шудӣ, танҳо аз Худованд мадад талаб кун.

Ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: «Ҳар гоҳ ту ба як мусибату мушкилие дучор шудӣ, дар чунин ҳолат мададкунандаи ту сирф Аллоҳ Таъоло мебошад. Аз ҳамин сабаб танҳо ба ӯ муноҷот кун ва аз ӯ мадад бихоҳ!»

4. Агар тамоми мардум ҷамъ шаванд, ки бихоҳанд бар ту нафъ бирасонанд, ғайр аз он ки Аллоҳ Таъоло ба ту муқаддар карда аст, ҳеҷ кас нафъе расонида наметавонад.

Аз мардум зиёд умед макун. Он чӣ аз меҳнати худ ҳосил мекунӣ ва дар тақдири ту аст, ба ту мерасад. Бояд ҳамеша ёди Худованд дар дилат ғолиб бошад.

5. Агар тамоми мардум ҷамъ шаванд, ки бихоҳанд ба ту зарар бирасонанд, ба ҷуз он чизе, ки Худованд тақдир кардааст, нуқсоне расонида наметавонанд.

Аз ҳамин сабаб, тамоми таваккал ва эътимодатро ба Худованд дошта бош ва ҳар чизе мехоҳӣ, танҳо аз ӯ бихоҳ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД