goodwell
5 миллион сомонӣ ҷарима барои тӯйи сермеҳмон ва нақзи қонуни танзим
26.07.2026
Oila.tj
37

Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2026 барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» 630 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуда, нисбат ба 704 нафар ҷазои маъмурӣ таъин кардаанд. Ҳаҷми умумии ҷаримаҳои таъиншуда 5 миллиону 97 ҳазору 96 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин бора раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода 21 июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, шумораи парвандаҳои маъмурии марбут ба нақзи қонуни танзим дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 коҳиш ёфтааст. Ӯ гуфт, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта, теъдоди чунин парвандаҳо 255 адад камтар мебошад, ки метавонад аз беҳтар шудани сатҳи риояи талаботи қонун аз ҷониби шаҳрвандон шаҳодат диҳад.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар нимсолаи аввали соли гузашта 630 нафар барои нақзи қонуни танзим ба маблағи умумии 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомонӣ ҷарима шуда буданд.

Бо вуҷуди коҳиш ёфтани шумораи парвандаҳо, маблағи умумии ҷаримаҳои таъиншуда дар соли ҷорӣ ҳамоно дар сатҳи баланд боқӣ мондааст. Тибқи омор, ба ҳисоби миёна ба ҳар як ҳуқуқвайронкунанда беш аз 7 ҳазор сомонӣ ҷарима рост меояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» бо мақсади пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон қабул шудааст. Риояи талаботи ин қонун аз ҷониби мақомоти ваколатдор мунтазам назорат шуда, барои вайрон кардани меъёрҳои он ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД