5 маҳсулоте, ки холестеринро паст мекунанд Каду аз ҷисм заҳру ифлосиҳоро аз қабили холестерини зиёдатӣ берун месозад. Ҳамзамон сабзавоти мазкур кори рӯдаву меъдаро ба эътидол медарорад.
Тухми зағир равғани зиёдатӣ ва холестеринро дар узвҳои ҳозима ҷудо мекунад. Селени таркиби тухми зағир миқдори холестерини зарарнокро кам ва холестерини муфидро зиёд мекунад. Ровони сиёҳ (черноплодная рябина) рагҳои хунгардро қавӣ ва кори ҷигарро беҳтар месозад, ки дар натиҷа сатҳи холестерин дар ҷисм паст мегардад.
Лӯбиё бо шарофати миқдори зиёди бофтаи нахдор доштанаш холестерини зарарнокро аз ҷисм берун месозад.
Чой ё гиёҳоб аз настаран (шиповник) барои нафароне тавсия дода мешавад, ки холестерини баланд доранд. Чой аз настаран кори ҷигарро хуб ва масуниятро баланд мегардонад.