Тирамоҳ барои ҷисми инсон давраи пур аз стресс мебошад. Албатта ивазшавии фаслҳои сол, оҳиста-оҳиста кӯтоҳ шудани рӯзҳо ва торафт дарозтар шудани шаб, ба охир расидани ҷамъоварии ҳосил ва камтар шудани меваю сабзавоти тару тоза дар бозор ба ҷисми инсон бетаъсир намемонад. Ҳамаи ин дигаргуниҳо боиси заиф гаштани системаи муҳофизатии ҷисми инсон ва авҷ гирифтани баъзе касалиҳо мегардад.
Имрӯз мо ба шумо дар бораи 5 беморие маълумот медиҳем, ки дар фасли тирамоҳ авҷ мегиранд.
Зуком ва шамолкашӣ
Бо фарорасиии фасли тирамоҳ микроорганизмҳои зинда фаъол гашта, бемориҳои вирусӣ авҷ мегиранд. Маъмулан дар ин мавсим одамон бештар ба зуком гирифтор мешаванд. Сабаби асосии зуком ва шамолкашӣ нисбатан сардтар шудани ҳаво ва намию боронгарӣ мебошад. Зуком бемории сироятӣ буда, бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ аз шахси бемор ба одамони солими дар атрофаш буда мегузарад. Беморӣ бо атсазании бардавом, сулфа, рафтани оби бинӣ, беҳолию бемадорӣ ва баланд шудани ҳарорати бадан аз худ дарак дода, то 7 рӯз идома ёфта метавонад.
Бронхит
Бемории дигаре, ки дар фасли тирамоҳ авҷ мегирад, ин бронхит мебошад. Хатари ба бронхит гирифтор шудани шахсоне, ки ба иллатҳои роҳҳои нафас гирифторанд ё зуком шудаанду табобат нагирифтаанд, зиёд аст. Бронхитро зери назорати духтур табобат кардан лозим аст, чунки табобат нагирифтан ё табобати нодуруст метавонад боиси оризаҳои дигар ва гирифтор шудан ба пневмония ё астма гардад.
Нишонаҳои бронхит ба зуком монандӣ дорад, вале сулфа зимни ин беморӣ шадидтар мебошад.
Депрессия
Исбот шудааст, ки 20% -и одамони сайёра дар фасли тирамоҳ ба дипрессия гирифтор мешаванд. Ин ҳолат боиси ба вартаи навмедӣ афтидан ва худ ба худ асабонӣ шудани шахс мегардад. Нишонаҳои дипрессияро набояд нодида гирифт, чунки дар акси ҳол кас ба хастагии бардавом гирифтор шуда, системаи муҳофизатии ҷисм-иммунитеташ суст мешавад.
Герпес
Бо фарорасии фасли тирамоҳ дар лаби аксари одамон табхол мебарояд. Ин нишонаи герпес мебошад. Аслан герпеси навъи 1 бемории табобатнашаванда буда, боиси баромадани табхол дар лаб мегардад, вале он касалии хатарнок нест. Аксар вақт герпес бидуни ягон нишона дар организми инсон рушд мекунад. Одатан беморӣ бо хориш, сихзанӣ ва сӯзиши лаб сар шуда, баъдан дар лаби инсон доначаи зардобдор мебарояд, ки баъд се-чор рӯз хушк мешавад.
Бемориҳои рӯдаву меъда
Бо фаро расидани фасли тирамоҳ бемориҳои рӯдаву меъда низ авҷ мегиранд. Дар ин мавсим махсусан шахсоне, ки гастрит ё захми меъда доранд, азоб мекашанд. Ба шахсоне, ки меъда ва рӯдаҳояшон ягон иллат доранд, дар тирамоҳ иваз намудани реҷаи ғизохӯриро маслиҳат намедиҳем, зеро ин метавонад боиси хурӯҷ намудани беморӣ гардад.