Дар як идораи бонуфуз кор мекунам. Намедонам таъсири рӯзи дароз дар паси компютер нишастанам бошад ё душвориҳои зиндагӣ, ки асабҳоям сахт хаста шудаанд. Бо андак гап ба ғазаб меоям, шавҳарам шӯхӣ кунад ҳам, дағалона ҷавоб медиҳам. Аз ҳама бадаш он ки тоқати бардоштани инҷиқиҳои писарчаи дусолаамро надорам, баъзан худро ба даст гирифта натавониста кӯдаки бечораро мезанам. Шавҳарам мегӯяд, ки агар мо дар Русия зиндагӣ мекардем, ин рафтори маро дида, кайҳо фарзандамро аз ман кашида мегирифтанд. Илтимос, ба ман ягон роҳи ором намудани асабро тавсия диҳед!
Гулистон, ш. Душанбе.
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Хоҳари азиз Гулистон, аз эҳтимол дур нест, ки асабонияти шумо таъсири хастагии зиёд бошад. Пеш аз ҳама одати ба сари кӯдак даст бардоштанатонро партоед. Бисёриҳо ба хотири пеш бурдани зиндагиашон ҳатто рухсатии меҳнатӣ намегиранд, агар шумо ҳам аз ҳамон тоифа бошед, фавран барои ба рухсатӣ баромадан ариза нависед, чунки бо чунин асабҳои хароб на худатон эҳсоси шодмонӣ менамоеду на корхона аз кори мекардаи шумо баракат меёбад. Фаромӯш накунед, ки шумо барои ҳама, ҳатто барои шавҳару фарзандатон низ солиму бардам ва хандону меҳрубон лозим ҳастед. Ман ба шумо чанд гиёҳи дастрасро тасвия медиҳам, ки асабро ором менамоянд. Ҳамарӯза аз ин гиёҳҳо даво тайёр карда бинӯшед.
Нусхаи аввал:
Решаи сунбул (валериана)-ро бо пудинаи боғӣ ва гули бобуна якҷоя карда як қошуқи ошхӯрии ин гиёҳҳоро дар 200 грамм оби ҷӯш дар зарфи сирдор аз шаб то саҳар дам кунед, сипас соф карда дар ягон зарфи шишагин бирезед. Рӯзе 3-4 маротиба аз ин гиёҳоб ду қошуқӣ бинӯшед, асабатонро ором менамояд.
Нусхаи дигар
Ниёзбӯ, тухми карафс ва решаи сунбулро ба миқдори баробар гирифта омехта намоед ва ду қошуқашро дар термос андохта аз болояш ним литр оби ҷӯшомадаро бирезеду монед то саҳар истад. Дар давоми рӯз чанд маротиба ним пиёлагӣ аз ин даво бинӯшед.
Нусхаи сеюм
Асабоният ҳамроҳ бо фишори хун бошад, давои зерин ба дарди шумо мехӯрад: пудинаи сиёҳ, кокутӣ, карафс, (реша, барг ё тухмаш) ниёзбӯ (мелиса) решаи сунбул ва дӯлонаи сурх. Решаи сунбул ва дӯлонаро дар зарфе гирифта 15 дақиқа дар бухори об нигоҳ доред, сипас гиёҳҳои дигарро андохта монед ним соат истад. Пас аз ин давои ҳосилшударо соф карда, се қошуқӣ рӯзе 4-5 маротиба бинӯшед, асабҳоятон ором, фишори хунатон муътадил ва табъатон болида мегардад.
5-гиёҳи мӯъҷизаноке, ки асабро
ором месозанд