Sebiston new 2024 october
5 филми тасвирӣ, ки ҷаҳонбинии кӯдаконро васеъ мегардонанд
1127

Кӯдакон тамошо кардани филмҳои тасвириро дӯст медоранд. Ин одати хуб аст, зеро бо шарофати филми тасвирӣ бачаҳо чанд лаҳза ором мегиранд ва модар каме ҳам бошад, меосояд. Аммо кӯдаконро ба тамошои мултфилмҳое бояд завқманд гардонд, ки таъсири неки тарбиявӣ доранд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 5 филми тасвирие маълумот медиҳем, ки ҷаҳонбинии кӯдаконро васеъ месозанд.

“Король Лев” - беҳтарин филми тасвирӣ дар ҷаҳон

Шоҳ-шер ё “Карол Лев” дар сархати беҳтарин филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон қарор дорад. Ин мултфилм ҳанӯз соли 1994 офарида шудааст, вале то имрӯз маҳбубияташро аз даст надодааст. “Корол Лев” яке аз беҳтарин филмҳои тасвирӣ дар сатҳи ҷаҳон ба шумор меравад, зеро ду маротиба соҳиби ҷоизаи бонуфузи “Оскар”, 3 маротиба соҳиби ҷоизаи «Грэмми» ва 3 маротиба соҳиби ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ” гаштааст.

Саргузашти пурмоҷарои шербача Симбо хеле ҷолиб буда, таблиғгари дӯстиву рафоқат ва ғалабаи некӣ бар бадӣ мебошад. Дар ин филми тасвирӣ оҳангҳои оҳансози ҷаҳонӣ Моцарт низ истифода шудаанд.

“Балто” - ҳақиқате, ки ба афсона табдил ёфт

Зинаи дуюмро дар рӯйхати беҳтарин филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон “Болто” ишғол менамояд. Идеяи ин филми тасвирӣ фидокорӣ аст. Қаҳрамони асосии мултфилм Болто аз ҷинси саг ва гург буда, дигарон ҳамеша ӯро озор медиҳанд, вале алорағми бадиҳо ӯ танҳо бо некӣ ҷавоб мегӯяд. Бояд гуфт, ки ин филми тасвирӣ дар асоси ҳодисае офарида шудааст, ки дар ҳақиқат рӯй додааст. Соли 1925 саги ҷасур Болто дар зимистон қаҳратун бо чана доруи зидди дифтерияро ба шаҳраки Номаи Аляска расонида, ҷони кӯдакони зиёдеро аз марг наҷот дода буд.

“Зверополис“ - кӯдаконро ба мубориза омода месозад

Шаҳри ҳайвонот “Зверополис” дар рӯйхати беҳтарин филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон зинаи 3-юмро ишғол менамояд. Ин филми тавсирӣ дар бораи шаҳре нақл мекунад, ки ҳама сокинонаш ҳайвонҳо мебошанд, вале зиндагиашон ба одамон хеле шабеҳ аст: онҳо ҳам мисли одаомн дар корхонаҳо кор мекунанд, оила, фарзанд ва орзуҳои наҷиби худро доранд. Қаҳрамонҳои ин мутлфилм мисли одамон бо нажодпарастӣ, миллатчигӣ ва стереотипҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд. Ин филми тавсирӣ кӯдаконро ба мубориза бурдан баҳри расидан ба орзуҳои худ омода месозад.

“ВАЛЛ-И” - роботҳои шавқовар

Ин филми тасвирӣ дар бораи роботҳо нақл мекунад. Сужаи мултфилм хеле аҷиб аст.Одамон сайёраи Заминро пур аз ифлосӣ карда, оқибат маҷбур мешаванд, ки онро тарк намоянд ва ба ҷустуҷӯи макони нави зиндагӣ раванд. Танҳо роботҳо мемонанд, ки вазифаи асосиашон тоза кардани Замин аст. ВАЛЛ-И —яке аз ҳамин роботҳо мебошад, вале мисли дигар роботҳо нест. Ӯ чизҳои аҷиби аз одамон боқимондаро нигоҳ медорад, кино тамошо мекунад, то мисли одамон ҳис карданро ёд гирад.

“Красавица и чудовище” - қиссаи ғалабаи ишқ бар сеҳру ҷоду

“Красавица и чудовище” - аз зумраи мултфилмҳои класскии Дисней буда, дар бораи нозанин Белль нақл мекунад, ки ба хотири падараш ба асираи қасри ҷодушуда гаштан розигӣ медиҳад. Дар он ҷо вай ба шоҳзодае ошиқ мешавад, ки барои хислати бадаш бо сеҳру ҷоду ба як малҳуқи даҳшатнок табдил дода шудааст ва ӯро наҷот медиҳад. “Красавица и чудовище” аввалин филми тасвирие мебошад, ки сазовори ҷоизаи “Оскар” гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД