Arzon march 2024
5 душмани ҳусн кадом аст?
1697

 

5 душмани ҳусн кадом аст?

Саломи худро ба масъулони саҳифаи “Асрори зебоӣ” мерасонам. Ман бонуи 35-сола, коргари як идораи бонуфуз, модари се фарзанд ҳастам. Ростӣ, дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надорам, пайваста ба кошонаҳои ҳусн рафта, кӯшиш мекунам ҳамеша зебову барно бошам. Хеле мехоҳам маводҳои косметикиро зиёд истифода набарам, вале эҳсос мекунам, ки бе усмаву сурма намешавад. Вақтҳои охир субҳгоҳон ба оина нигариста, худро пажмурдаву бе нур мебинам. Шояд ман ягон кору амали нодурст анҷом медода бошам? Шумо гуфта метавонед, ки кадом омилҳо душмани ҳусни зан мешаванд?

Шаҳло, аз ш. Душанбе.

 

Душмани №1 – изтироби доимӣ

Ҳаёти зани муосир пур аз изтиробу фишори руҳӣ аст. Зане, ки дар зиндагӣ зиёд азият кашидааст, хеле бармаҳал пир мешавад. Мутаассифона, ҳама гуна изтироби шадид метавонад сабаби фишори руҳӣ гардад. Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёде дорад ва мутаассифона, касе аз фишору изтироби доимӣ дар амон монда наметавонад. Дар ҳолатҳое, ки дучори фишори руҳӣ мегардед, дорувориҳои таскинбахш истеъмол кардан лозим аст.

Душмани №2 – ғизои нодуруст ва пурхӯрӣ

 Ҳар нафари дуюм дар ҷаҳон дар истеъмоли хӯрок мушкилӣ мекашад. Ғизои номукаммал, фастфуд ва маҳсулоти нимтайёр, хӯроки равғанину серчарб, норасоии витамину минералҳо на танҳо ба саломатӣ зарар доранд, балки ба ҳолати пӯсти рӯй ва мӯй бе таъсир намемонанд. Ба эътидол овардани реҷаи хӯрок ва обнӯшӣ кори душвор нест. Дар баробари истеъмол намудани ғизои солим ҳамаррӯза нӯшидани 2 литр обро фаромӯш насозед.

Душмани №3 – камҳаракатӣ

Ҷисми мо ниёз ба ҳаракатҳои ҷисмонӣ дорад, вале барои зане, ки пайваста бо кор банд аст, чӣ бояд кард? Табибон мегӯянд, ки инсон ба мисли обу хӯрок ба машқи бадан ниёз дорад. Вақте мушакҳо кор намекунанд, мунтазам фаъолияти худро аз даст медиҳанд. Дар натиҷа тамоми ҷисм азият мекашад. Агар шумо рӯзи дароз дар як ҷо нишаста кор мекарда бошед, ҳатман машқҳои ҷисмонӣ карданатон лозим аст.

Душмани №4 – реҷаи нодуруст ва масунияти паст

Риоя намудани реҷаи рӯз ва хоби бароҳат ба зан имкон медиҳад, ки ҷавониву зебоиро муддати мадид нигоҳ дорад. Шабона бедор будану рӯзона хоб рафтан , яъне ритмҳои шабонарӯзии организмро иваз кардан комилан манъ аст. Рафту бо сабабе шабона хоб наравед, ҳатман рӯзона истироҳат карданатон лозим аст. Масунияти паст сабабгори шамол кашидан ва сар задани бемориҳои музмин мегардад, ки ба ҳолати мӯю пӯст, нохун ва дандонҳо, ҳатто қадду қомат бе таъсир намемонад.

Душмани 5бепарвоӣ нисбати худ

Имрӯз аксари бонувон ба хотири зебову раъно гаштан дар кошонаҳои ҳусн маблағи зиёдеро сарф карда, фикр намекунанд, ки тамоми амалиётҳои кимиёвӣ ба ҳолати пӯст, мӯй ва нохун бе таъсир намемонад. Рангҳое, ки барои мӯй истифода мешаванд ё маҳлулу воситаҳое, ки барои рангу бор ё ҷингилакуниву сӯзонидани мӯйҳо истифода мебаранд, ҳамзамон косметикаи ҳаррӯза дорои моддаҳои зарарноке ҳастанд, ки ҳатман зарари худро ба ҳусни зан мегузоранд. Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки аз ҳама гуна воситаҳои кимиёвӣ дур бошед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД