Arzon march 2024
5 далели ҷолиб дар бораи Бобои Барфӣ, Дед Мороз ва Санта-Клаус
31.12.2024
Оила.Тҷ
445

Бобои Барфӣ, Барфак ва арчаи солинавӣ рамзи асосии соли нав буда, идро бидуни ин се тасаввур кардан ғайри имкон аст. Имрӯз мо ба шумо чанд далели ҷолибро бораи Бобои Барфӣ пешниҳод месозем.

Бобои Барфии тоҷикӣ нисбат ба ҳамтоёни дигараш Дед Марози русӣ ва Санта-Клауси аврупоӣ хеле ҷавон аст. Бори аввал дар Тоҷикистон соли 1935 соли нави мелодиро ҷашн гирифтанд. Бобои Барфӣ ҳамчун рамзи Соли нав аз ҳамон давра пайдо шудааст.

Пайдоиши Дед Мароз дар Русия ба афсонаҳои қадимаи халқии русӣ алоқамандӣ дошта, протатипи он қаҳрамони ин афсонаҳо пирамарди накӯкор “Мароз” мебошад, ки ба одамони камабағал кӯмак мерасонд. Ин образ қаблан танҳо дар афсонаҳо буд. Дед Мароз дар шакли имрӯзааш-пирамарди қоматбаланд бо риши дарози сап-сафед, либоси сурх, валенки, асои мӯъҷизанок, халтаи пур аз тӯҳфаҳо ва наберааш Снегурочка дар Россия соли 1880 пайдо шудааст.

Пайдоиши Санта-Клаус бошад, ба рӯҳонӣ Николай Чудотворец, яъне Николайи мӯъҷизакор алоқамандӣ дорад, ки аз рӯйи баъзе ривоятҳо хеле шахси накӯкор буда, ба духтарони камбағал ҷиҳози арӯси тӯҳфа мекардааст, то ки бо хотири шод ба хонаи бахташон бираванд.

Ба Амрико Санта-Клаус соли 1626 аз Голландия дар шакли рамзи флоти баҳрӣ омад. Дар оғоз онро “Синтер Клас» меномиданд, баъд «Санта Клас» мегуфтагӣ шуданд ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста номи «Санта Клаус»-ро гирифт.

Бори аввал акси Санта-Клаусро соли 1863 рассоми амирикоӣ Томас Наст аз рӯйи асари Клементе Кларк Мура кашида буд ва ин аксҳо дар маҷаллаи «Харпер Уикли» чоп шуда, кӯдакон онро дӯст доштанд. Соли 1931 бренди машҳури Coca Cola компанияи калони рекламавӣ гузаронд, ки рамзи он Санта Клаус бо либоси сурх, чеҳраи хандон ва шишаи Coca Cola буд. Туфайли ҳамин ролики тарғиботӣ Санта-Клаус дар саросари Аврупо ва Амрико машҳур гашт.

Фарқияти дуюм дар ҷусса аст. Дед Марози русӣ пирамарди нӯронии қоматбаланд буда, риши дарози мисли барф сап-сафед, ҷомаи кабуд ё сурх дорад ва ҳатман валенки ва кулоҳи гарм мепӯшад.

Қади Санта-Клаус нисбатан пасттар ва ҷуссаш фарбеҳ аст, риши кӯтоҳ дорад ва танҳо либоси сурх пӯшида, ба сараш қалпоқ мемонад.

Бобои Барфии тоҷикӣ миёнақад аст, риши сафед дошта бошад ҳам, чашму абрувони сиёҳу зебои тоҷикона дорад.

Фарқияти сеюм дар дониш ва ҷаҳонбинист. Дед Мароз ва Санта-Клаус танҳо бо забони худашон гап мезананд, Бобои Барфии тоҷикӣ бошад, чанд забонро медонад ва дар баробари забони тоҷикӣ бо забонҳои русӣ, ӯзекӣ ва ҳатто англисӣ бачаҳоро табрик мекунад.

Фарқияти чорум дар макони зисти онҳост. Дед Мороз дар минтақаи хеле дурдасти “Великий Устюг”-и Россия зиндагӣ мекунад ва қасру хизматгорони худро дорад.

Хонаи Санта-Клаус бошад, дар Лапландияи Финляндия будааст.

Бобои Барфии тоҷикӣ қаблан дар пушти кӯҳӣ қоф зиндагӣ мекард, вале дар даврони истиқлолият макони зисташро иваз намуда ба Сафеддара кӯчидааст.

Фарқияти панҷум дар он аст, ки Санта-Клаус аз Дед Мароз ва Бобои Барфӣ пиртар бошад ҳам, наберадухтари нозанин надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД