Кӯдакон аз волидони худ танҳо лабу даҳон, чашму абрӯ ва хислатҳои хуб ё бадро не, балки баъзе касалиҳоро низ мерос мегиранд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 5 бемории хеле паҳншудае маълумот медиҳем, ки бо воситаи генҳо аз модар ба духтар мегузаранд.
Чаро баъзе бемориҳо аз насл ба насл мегузаранд?
Тавре ки акушер-генекологи машҳури рус Марина Зубарева зимнияк сӯҳбат гуфтааст, бемориҳое ҳастанд, ки аз насл ба насл мегузаранд. Сабаби пайдоиши чунин бемориҳо генҳои вайрон ё мутатсия шуда мебошанд. Гени вайроншуда ё бемор ҳам дар падар ва ҳам дар модар мавҷуд бошад, хатари ба фарзанд, набера ва абераҳои онҳо гузаштани беморӣ бештар мегардад. Аз ҳамин сабаб дар оилаҳое, ки зану шавҳар пайванди хешутаборӣ доранд, хатари ба дунё омадани кӯдакони ҳар хел нуқсонҳои модарзодӣ ва бемориҳои ирсӣ дошта бештар аст. Гумон накунед, ки гап танҳо дар бораи бемориҳои нодири генетикӣ аз қабили гемофилия, синдроми Дауна, синдроми Клайнфельтер ва ё Тернер меравад, касалиҳои хеле паҳншудае низ ҳастанд, ки кӯдакон аз падару модарашон мерос мегиранд. Ин бемориҳои кадомҳоянд?
Диабети қанд
Хатари гирифторӣ ба диабети қанд дар кӯдаконе, ки волидонашон касалии қанд доранд, хеле баланд аст. Махсусан, агар зан-модар ба диабети навъи 2 мубтало бошад, хавфи дар оянда ба ин касалӣ гирифтор шудани духтараш меафзояд. Олимон исбот намудаанд, ки агар модар ё бибӣ гирифтори диабети қанди навъи 2 бошад, хавфи ба ин касалӣ гирифтор гаштани духтар ё набераашон то 70-80% мерасад. Аммо модар ба диабети навъи 1 гирифтор бошад, хавфи ба наслҳои ояндааш гузаштани ин беморӣ ҳамагӣ 5%-ро ташкил медиҳад.
Барои пешгирии беморӣ чӣ бояд кард?
Кӯшиш кунед, ки духтарчаатон зиёд фарбеҳ нашавад. Барои ин аз кӯдакӣ духтарча бояд бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шавад. Углеводҳо бояд дар ғиҳои кӯдак хеле кам бошанд. Ҳар сол ақаллан як маротиба барои ташхиси диабети қанд хуни фарзан датонро супоред. Дар оғози беморӣ, яъне давраи “преддиабет” касали қандро пешгирӣ кардан мумкин аст.
Депрессия ва бехобӣ
Сабаби асосии ба депрессия гирифтор гаштани одамон ин гени Slc6a15 мебошад, ки мушкилоти неврологиро ба вуҷуд меорад. Дар занон нисбат ба мардон ин ген ду маротиба бештар мушоҳида мешавад, бинобар ин, агар модар тез-тез ба депрессия гирифтор гардад, дар оянда духтараш низ бо ин мушкилот рӯ ба рӯ хоҳад гашт.
Барои пешгирӣ чӣ бояд кард?
Хоҳед, ки дар оянда духтаратон аз депрессия азият накашад, ҳаёти солим ба сар баред. Бештар дар бораи чизҳои хуб ва фараҳбахш фикр кунед. Дар ҳолати ба депрессия ва бехобӣ гирифтор гаштан, шарм надошта, ҳарчи зудтар ба духтари асабшинос ва психолог муроҷиат намуда, табобат гиред.
Мигрен
Ин намуди сардард дар занон нисбат ба мардон 3 маротиба бештар мушоҳида мешавад. Гене, ки мигренро ба вуҷуд меорад, метавонад аз модар ба духтар гузарад.
Барои пешгирии беморӣ чӣ бояд кард?
Барои пешгирии беморӣ сарчашмаи онро пайдо кардан лозим аст. Ин метавонад тағйироти ҳормонӣ, ягон намуди маҳсулот ё ҳолати ташвишовар бошад. Аз барангезандаи беморӣ халос шуда, шумо метавонед натанҳо худ, балки духтаратонро низ аз мигрен эмин доред.
Бемории Альцгеймер
Ин беморӣ бештар дар занону духтарон мушоҳида мешавад ва хатари аз насл ба насл гузаштанаш хеле баланд аст. Бар асари ин беморӣ кори майнаи сар ва қобилияти фикрронӣ суст мешавад.
Барои пешгирии беморӣ чӣ бояд кард?
Барои ба бемории Альцгеймер гирифтор нашудан шумо бояд ҳаёти солим ба сар бурда, сатҳи холестеринро дар хунатон ҳамеша назорат карда истед. Тез-тез фишори хунатонро санҷед. Бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пухтупаз, дӯзандагӣ ва дигар корҳое, ки диққатнокиро талаб мекунанд, машғул шавед, то ки майнаатон фаъолона кор кунад.
Саратони сина
Актриссаи машҳури Голлевуд Анжелина Ҷоли ба табибон муроҷиат намуда буд, то ки ҳарду сина ва тухмдонҳояшро бо роҳи ҷарроҳӣ бурида гиранд. Сабаби даст ба ин амал задани актрисса модар ва бибиаш буданд, ки ҳарду аз саратони сина мурданд. Анжелина тести генетикии BRCA1 супурд ва дар натиҷаи ташхис муайян гашт, ки вай ин генро аз модару бибиаш мерос гирифтааст ва хатари ба саратони сина гирифтор шуданаш зиёд аст. Барои он ки ба саратон гирифтор нашавад, актриссаи машҳур аз баҳри ҳарду сина ва тухмдонҳояш гузашт, вале мо гуфтанӣ нестем, ки шумо низ бояд ин корро кунед. Роҳҳои дигари пешгирии беморӣ низ вуҷуд доранд.
Барои пешгирии беморӣ чӣ бояд кард?
Шарт нест, ки аз баҳри сина гузаред. Барои пешгирии хатари гирифторшавӣ ба саратони сина аз машруботи спиртӣ ва тамокӯ куллан даст кашида, дар як сол як маротиба ҳатман аз ташхиси маммография гузаштан лозим аст.
Боз кадом бемориҳо аз модар ба духтар мегузаранд?
Ба ғайр аз бемориҳое, ки номбар кардем, артрити ревматоидӣ, иллатҳои дил ва рагҳои хунгардӣ он, дальтонизм, глаукома, остеопороз ва боз чандин касалиҳои дигар низ аз модар ба духтар мерос монда метавонанд.
Албатта ин чунин маънӣ надорад, ки дар сурати гирифтор будани модар ба бемориҳои номбаршуда, дар оянда духтараш низ 100% ба ин касалиҳо гирифтор мешавад, вале барои пешгирии беморӣ чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст. Барои ин зан бояд пеш аз ҳомиладор шудан ҳатман пурра аз назорат гузарад ва бемориҳои худро табобат намуда, баъдан аз пайи тавлиди фарзанд шавад.
Ногуфта намонад, ки истифодаи усули ҳомиладорсозии сунъӣ -ЭКО низ имкон медиҳад, ки генҳои мутатсияшударо аз миён бардошта, фарзанди солим ба дунё оред.