Салом! Ман чанд сол боз бо тиҷорат сарукор дорам. Дар бозор маводи хӯрока мефурӯшам. Шукри худо, тиҷоратам бад нест, вале мехоҳам, ки корам боз ҳам бобаракаттар гардад. Мегӯянд, ки агар дар моҳи шарифи Рамазон аз сидқи дил дуо кунӣ, худованд дуоятро мустаҷоб гардонида, орзуҳоят амалӣ мегарданд. Мехоҳам донам, ки барои пурфайзу баракат гаштани зиндагӣ ба ғайр аз дуо дар Рамазон боз чӣ кор кардан лозим аст?
НАСРИДДИН, савдогар
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Мутаассифона, аксари тоҷирон, махсусан онҳое, ки бо фурӯши маводи хӯрока машғуланд, ба хотири фоидаи бештар ба даст овардан
дар моҳи шарифи Рамазон нархи молу маҳсулоти худро боло мебаранд, ки ин амалашон хато аст. Барои он ки зиндагиаш пурфайзу баракат гашта, корҳояш барор бигирад, шахси бо тиҷорат сарукор дошта дар моҳи ширифи Рамазон бояд ин амалҳоро анҷом диҳад:
1. Ба ҷо овардани ибодати парвардигорро фаромӯш накунад.
2. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро бидорад ва бештар дуо хонад.
3. Ба хотири ба даст овардани суд молашро қимат накунад.
4. Ба хотири ризои Аллоҳ аз баҳри фоидаи худ гузашта, молашро бо ҳамон қимате, ки гирифтааст, фурӯшад.
5. Ба ятимон, занҳои бевамонда, пирони танҳо ва дигар одамони камбағал хайру садақа кунад.
Касе, ки ин 5 амалро дар моҳи шарифи Рамазон ба ҷо меорад, худованд ба зиндагиаш файзу баракат бахшида, ҷавоби хайру садақаи кардаашро ба вай як бардаҳ бармегардонад.