Sebiston new 2024 october
5 ҒАЛАТ ДАР МУНОСИБАТИ ЗАНУ МАРД
5708

 

Аз булҳавасии мардон хаста шудаед? Аввал бо ҳавас ба сӯятон назар мекунанду баъдан бе ному нишон мешаванд? Маводи моро мутолиа намуда, шумо хатогиҳоеро, ки зан дар муносибат бо мард ба он роҳ медиҳад, мефаҳмед.

1)Гумон дошта бошед, ки ҳеҷ гоҳ муҳаббати асилро пайдо карда наметавонед, хато мекунед.

Баъзан занҳо дар зиндагияшон ба нафаре дил баста аз ӯ дилмонда мешаванду гумон мекунанд, ки бе мард ҳам зиндагияшон мегузарад. Зан бо ин роҳ дардро фурӯ нишондан мехоҳад. Ҳар қадаре инсон гумон кунад, ки ҳеҷ гоҳ хушбахт намешавад, хавфи танҳо монданаш ҳамон қадар меафзояд. Фикрҳои мағшушро аз сар дур карда натавонед, дафтареро гирифта, дар он хислатҳои мусбиятонро нависед.

2)Аз мардҳои бад халос шавед

Баъзе бонувон мардонеро меёбанд, ки пайваста бо ваъдаҳои хушку холӣ домони занро пур карда мегарданду баъд гум мешаванд. Занг намезананд, дурӯғ мегӯянд ва пайваста бо бонувони дигар вақт мегузаронанд. Чаро шумо чунин муносибатро тоқат мекунед? Гумону шубҳаро аз сар дур карда, ин марди бевафоро тарк намоед. Образи марди бароятон муносибро дар қалбатон сохта, барои пайдо намуданаш кӯшиш кунед.

3)Муҳаббат назорат кардан нест!

Аксарияти бонувон мехоҳанд 24 соат дар як шабонрӯз мард моли шахсиашон бошад. Вақте мард ба билярдбозӣ ё тамошои футбол рафт, зан худашро партофташуда ҳис мекунаду мардро дар дӯст надоштан мутаҳҳам месозад. Беҳтар мебуд, ки дар ин лаҳзаҳо бо нигоҳубини зебоии худ машғул шавед ё филмеро тамошо кунед.

Пайваста мардро назорат карданатон ӯро ба «зиндонӣ» монанд месозад. Муҳим нест, ки ин қафаси тиллоӣ то кадом андоза зебост, ҳар як «маҳбусӣ» озодӣ мехоҳад. Чунин ҳабс боиси ҷудоии зану мард мегардад. Ҷуфтҳои хушбахт бояд ҳуқуқҳои якдигарро эҳтиром намоянд.

4)Сири хонаро берун набароред!

Нисбати марди худ эҳтироми зиёд дошта бошед. Дар ҷойи кор бо мардони ҳамкоратон шӯхӣ кунеду гап занед, дар хона чӣ кор мекунед? Ҳар як инсон энергияи худро дорад, вақте онро ба дигаре сарф менамояд, бо мурури вақт муносибатҳо коста мегарданд. Сири хонаатонро ҳатто ба дӯстонатон фош насозед. Дар зиндагӣ ҳолатҳое мешаванд, ки шумо алоқаи эҳсосотиро бо шавҳаратон гум мекунед ва ӯ дигар аввалин шуда аз ғаму шодии шумо бохабар намешавад. Ҷойи ӯро дугона ё хоҳаратон мегирад. Бовар кунед, ин амали шумо аз хиёнати ҷисмонӣ бадтар аст.

5)Аввалин будан мехоҳед?

Шумо ҳеҷ гоҳ аввалин шуда узр намепурсед ё ба қарори муҳиме нуқта мегузоред. Худро ҳақ шуморед, ғалат мекунед. Шояд дар ҳама баҳсу мунозираҳо ғолиб бароед, вале аз он эҳсоси қаноатмандӣ намекунед. Бахшишпурсӣ нишонаи заифӣ нест. Муҳаббат маънои онро дорад, ки марду зан ба якдигар гузашт менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД