Gazprom july 2025
48 тонна ранги босифат
08.07.2025
Oila.tj
103

Бо истифодаи он барои кашидани хатҳои уфуқӣ IRS баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқ беш аз пеш саҳм мегузорад

Бояд эътироф кард, ки дар муқоиса ба дигар роҳҳои кишвар, вазъи роҳи Душанбе – Чаноқ хеле беҳтар буда, сарфи назар аз он ки аз минтақаи релефи душвори кӯҳистон мегузараду дар мавзеи аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир воқеъ мебошад, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи он таъмин аст. Табиист, ки ҳолати хуби роҳи мавриди назар самараи масъулиятшиносии нигоҳбони он – филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Таҷрибаи нигаҳдории роҳи «Душанбе - Чаноқ» нишон дод, ки «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар самти коршоям нигоҳ доштани роҳи мазкур тамоми чораҳоро меандешад.

Мавҷудияти хатҳои уфуқӣ яке аз талаботи асосии бахши роҳсозӣ буда, саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз аст ва роҳро зебову назаррабо менамояд. Аз ин лиҳоз, кормандони IRS масъалаи мазкурро мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолиятро дар ин самт тавсеа бахшидаанд. Тибқи иттилои Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикстон, соли равон барои дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардидани ин кор 84 тонна ранги босифат сарф хоҳад шуд.

Зимни муроҷиат аз тариқи саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Фейсбук" шаҳрвандон аксар маврид аз манфиатҳои хатҳои уфуқӣ ёдовар шуда, дархост намуданд, ки беҳтар мешавад, агар ба кашидани хатҳои уфуқӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Чун ҳарвақта ин пешниҳод низ фавран мавриди баррасии роҳбарияти IRS қарор гирифта, дар муддати кутоҳ татбиқ шуд.

Воқеан ҳам, рӯз то рӯз болотар рафтани мақому манзалати филиали Ширкат ва тамоюли афзоишро касб намудани маҳбубияти он миёни мардум, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи кормандони он мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ барои арзу пешниҳодҳо сандуқҳо гузошта шудаанд. Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат - 487011020 низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро ироа намояд.

2_37

Далелҳо гувоҳи онанд, ки ҳамасола аз ҷониби кормандони намояндагиҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд дар масофаи садҳо километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешавад. Муҳимтар аз ҳама, ин иқдом бо истифода аз ранги босифат, тавассути техникаи замонавӣ, ки барои ҳар як намояндагӣ алоҳида харидорӣ шудааст, амалӣ гардида истодааст. Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол бо фаро расидани фасли гармо шуруъ гардида, то шуруъ гардидани мавсими сармо идома меёбад.

Дар маҷмуъ, кормандони IRS тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, ки ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ барои ронандагону мусофирон бехатар, бароҳат ва саҳл бошад. Бо ин мақсад аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода шуда, ин омил дар сархати авлавиятҳои филиали Ширкат қарор дорад. Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли 15 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони Ширкат даҳҳо маротиба иҷро мекунанд. Далели дигари тавонмандиву собиткунандаи масъулиятшиносии филиали Ширкат он аст, ки солҳои 2013-2016 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративи худ IRS лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нуробод – Нимич дар шоҳроҳи Душанбе – Рашт – сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр)-ро бе мақсади гирифтани фоида татбиқ намуд. Ба ин восита филиали ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳамияти стратегидошта саҳм гузошт.

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтдошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ ба маънои том мусбат кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД