goodwell
42 домоди хориҷӣ дар ним сол
47

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 42 мавриди ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиҳо ва шахсони бешаҳрванд сабт шудааст. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли 2025-ум 16 маврид камтар будааст.

Дар ин бора Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Аммо вазир нагуфт, ки аз 42 маврид чанд ақди никоҳаш миёни занони тоҷик бо мардони хориҷӣ ва чанде баръакс баста шудааст. 

Бояд гуфт, ки агар шаҳрванди хориҷӣ на камтар аз як сол дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад, метавонад бо шаҳрванди Тоҷикистон издивоҷ кунад. Вале ҳангоми бақайдгирии ақди никоҳ, тарафҳо уҳдадоранд, ки шартномаи ақди никоҳ (қабл аз ақд) имзо кунанд. Илова бар ин, ҳамсари хориҷӣ бояд барои шарики худ аз Тоҷикистон манзили зист харидорӣ кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД