Sebiston new 2024 october
4000 кӯдакон аз муҳаббати падару модар дур монданд
20.02.2023
Фарух
557

 

Дар вилояти Суғд аз сабаби ҷудо шудани оилаҳо 4 ҳазору 156 нафар кӯдакони ноболиғ аз тарбия ва меҳру муҳаббати падар ё модар дур мондаанд. Ҳамаи оилаҳои ҷудошуда бо қарори суд ақди нигоҳи худро бекор кардаанд. 

Давоми соли 2022 дар вилояти Суғд 107 ҳазору 588 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуда, 4 ҳазору 302 аникоҳ бекор карда шудааст.  Аз шумораи умумии оилаҳои вайроншда 3 ҳазору 56 никоҳ бо қарори суди шаҳру ноҳияҳои вилоят бекор шуда, 1216 оилаи дигар тариқи шӯъбаю бахшҳои САҲШ-и вилоят бо розигии тарафайн ҷудор шудаанд. Дар ин бора Меҳрубон Фармонзода, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. 

Давоми соли 2022 дар Суғд 31 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ ақди нигоҳ бастаанд. Никоҳҳои хориҷӣ асосан бо шаҳрвандони Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баста шудаанд. Аз ҷумла  16 ақди никоҳ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 ақди никоҳ бо шаҳрвандон Қирғизистон баста шуда, 3 нафар бо шаҳрвандони Чин ва 2 нафар бо шаҳрвандони Федератсияи Руссия издивоҷ кардаанд. Дар ин давра ҳамчунин 1 адади ақди никоҳ бо шаҳрвандони Украина, Қазоқистон ва Туркия ба қайд гирифта шудааст. 

“Аввалин шарте, ки мо барои нигоҳшавандагон бо шаҳрвандони хориҷа мегузорем, ин бастани аҳдномаи нигоҳ мебошад. Шарти дигар он аст, ки барои таъмини амнияти хонадоршавандагон бояд шаҳрванди хориҷа на камтар аз 1 сол дар Тоҷикистон зиндагонӣ карда мебошад”- гуфт Меҳрубон Фармонзода. 

Фаррух Усмонов

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД