Sebiston new 2024 october
40 ҳазор бекорон соҳиби ҷойи кор шудаанд
707

Зиёда аз 40 ҳазор нафар одамоне, ки ҷойи кор ва манбаи даромад надоштанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштанд. Дар ин бора вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зимни нишасти хабарӣ маълумот дод.

Тавре вазир гуфт, дар нимсолаи аввали соли 2024 ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва зерсохторҳои он 79223 нафар муроҷиат намуда, аз ин шумора 60568 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шудаанд. Аз теъдоди умумии муроҷиаткунандагон 40900 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Тавре хонум Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зикр намуд, ба 34049 нафар мақоми бекорӣ дода шуда, барои давраи бекорӣ ба 8820 нафар кумакпулӣ таъин ва пардохт карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД