4-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал баргузор мешавад. Барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» мубориза мебаранд.
Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал аз соли 2019 ба роҳ монда шудааст ва ҳар сол байни чемпиони мамлакат ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон баргузор мегардад.
Аввалин бор ин мусобиқа соли 2019 баргузор гардида, дастаи «Сипар» ғолиб омада буд. Солҳои минбаъда «Соро компания» ва «Истиқлол» бештар аз дигарон ба финали Суперҷом роҳ ёфта, рақобати шадид доштанд.