4 ҷудокори тоҷик дар чемпионати Перу иштирок мекунанд
01.10.2025
Oila.tj
46

Шаҳри Лимаи Перу аз 5 то 7-уми октябр мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон мегардад. Дар мусобиқаи мазкур 483 ҷудокор (254 писар, 232 духтар) аз 68 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.

Тоҷикистонро 4 ҷудокор дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ муаррифгар мебошанд. Икром Шамсов дар вазни 60 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни 66 кг, Эҳсон Сафарзода дар вазни 66 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг намояндаҳои Тоҷикистон дар ин мусобиқа мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон бори аввал дар қалби Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг) медали нуқра ва Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) медали биринҷиро барои Тоҷикистон соҳиб шуда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД