Sebiston new 2024 october
4 табар ба фарқи сари шавҳар
2599

 

Зан бо ғазаб табари тезро ба даст гирифта, мисли модашери бадхашм ба шавҳараш ҳамла кард. Мард ҳатто имкон наёфт, ки худро канор кашад, зарбаи сахти табар ба фарқи сараш фуруд омад ва хун мисли фаввора ба сару рӯяш шорида, дар як дам сар то пояш пур аз хун шуд. Одатан бо дидани хун одам якбора дасту по хӯрда, худро гум мекунад ва қуввату мадор ҷисму ҷонашро тарк месозад, вале ин зани бадхашм мисли даррандае, ки бо дидани хун хунхортар мегардад, бештар “девона” шуда, гаштаву баргашта ба сари ҳамсараш бо табар зарбаҳои маргбор мезад...
Ин ҳодисаи ваҳшатангез бофтаи хаёли ягон нависанда ё журналист набуда, ҳақиқати талху дарднокест, ки аз шунидани тафсилоташ ба тани кас мурғак медамад. Зан-зани тоҷик дар рафти як моҷарои хонаводагӣ бо табар ба ҷуфи худ ҳамла намуда, шавҳарашро бераҳмона табаркуш кардааст. Кист ин зани бераҳми шавҳаркуш ва чаро ҳамсарашро бо чунин ваҳшният ба қатл расонид?
Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад, ин ҳодисаи хунин ва даҳшатангез шоми 18-ноябр, тахминан соатҳои 21.50 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сар зада, байни як марди 40-солаи сокини шаҳраки Гулистон ва ҳамсари 36-солааш ҷанҷоли оилавӣ сар задааст. Дар рафти ин моҷарои хонаводагӣ ҷавонзан ба фарқи сари шавҳараш 4 табар зада, ба таври ваҳшиёна ҳамсарашро ба қатл мерасонад.
Нисбати ин зани 36-сола бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст, вале ному насаби шавҳаркуш ва сабаби шавҳарашро табаршап кардани зан маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир кушторҳои оилавӣ дар кишвари мо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд ва қариб ҳар ҳафта хабари нангини ба дасти яке аз аёъзоёни хонавода кушта шудани падар, модар, хоҳар, бародар, зан, шавҳар, хусур, хушдоман ва ҳатто фарзандон ба гӯш мерасад. Танҳо дар як моҳи охир 5-6 ҳодисаи нохуши куштори хонаводагӣ сар зада, як ҷавонзани 30-сола дар Вилояти Хатлон бо сабаби носозгорӣ хушдоманашро кордборон кард, дар Суғд бошад, марде ҳамсарашро беш аз 10 корд заду марди дигар занашро сангсор карда кушт....
Ба ҳамин монанд, қариб ҳар ҳафта дар ин ё он гӯшаи кишварамон кушторҳои ваҳшатангез ва бераҳмонаи одамон аз ҷониби шахсони наздиктаринашон сар мезананд. Ҷиноят ва кушторҳои хонаводагӣ дар кишвари мо он қадар беҳармона содир карда мешаванд, ки ҳатто дар филмҳои даҳшатангези Голливуд чунинашро кам андар кам мебинем.
Чаро кушторҳои оилавӣ торафт афзуда истодаанд?
Одамонро чӣ ба куштани падару модар, хусуру хушдоман, бародару хохар, зану шавҳар ва ҳатто фарзанд водор месозад?
Чаро рӯз то рӯз аз кӯчаи одамгарӣ берун шуда, ҳатто ба падару модар, хоҳару бародар, зану шавҳар ва фарзандони худ заррае раҳму шафқат намекунем?
Дар ҳоле, ки ҳатто даррандагони ваҳшӣ дар ҷангалистон ба ҳамҷинсони худ ҳамла намекунанд, чаро мо-одамон бо корду теғу табар ваҳшиёна ҷисми ҳамдигарро медарем?
Магар роҳи халосӣ аз чунин падидаҳои нангин танҳо ба пушти панҷараи маҳбас шинондани ҷинояткорон аст?
Барои пешгирии чунин ҳодисаҳои нангин чи бояд кард?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД