Иди Фитр дорои суннатҳои хоси худ буда, он дастури хубест барои муъминон, ки чи корҳоро бояд дар рӯзи ид анҷом диҳанд.
Суннати аввалиндараҷаи ислом ғусл (оббозӣ) кардан мебошад, зеро табиати инсонҳо гуногун буда, барои тоза нигоҳ доштани сару бадан ва нороҳат нанамудани дигарон амали хуб аст.
Дуюм суннати ид мисвок намудан, яъне тоза кардани даҳону дандонҳои хеш аст.
Суннати сеюми иди фитр ба бар намудани беҳтарин либос аст.
Чаҳорумин суннат ба намозгоҳи ид зуд рафтан ва пеш аз намози идро гузоштан бо чизе даҳони худро ширин кардан мебошад. Дар ин маврид ривояте аз Анас ибни Молик (р.т. ҳ) ҳаст, ки Пайғамбар (с) дар рӯзи ид то чанд дона хурмо намехӯрд, ба намоз намебаромад. Ин ҳарф дар ҳадиси Бухорӣ зикр шудааст.