Arzon march 2024
4-РОҲИ ХАЛОСӢ АЗ ГУНОҲ
2684

 

Инсон аз рӯи нодонӣ ва ғафлат гоҳо надониста гирифтори гуноҳе мешавад. Тибқи ваъдаи илоҳӣ агар шахс то фаро расидани маргаш аз сидқи дил тавба намояд, Худованд ба фазлу раҳматаш гуноҳи бандаро меомурзад.

Яке аз уламои машҳури Лубнон Амр Холид дар китоби «Ислоҳи қалбҳо» навиштааст, ки Худованд барои тасфия ва поксозии банда дар дунё чаҳор «истгоҳ» муқаррар кардааст: 1.Тавба. 2.Истиғфор. 3.Корҳои нек. 4. Имтиҳон тавассути мусибату мушкилиҳо.

Аввалин ва бузургтарин истгоҳ тавба аст. Худованди Таборак ва Таъоло мефармояд: (Эй Муҳаммад, аз ҷониби Ман ба бандагонам) Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар худ ситам кардед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед! Ҳар оина Худованд ҳамаи гуноҳонро меомурзад. Ба ростӣ, Ӯ бахшандаю меҳрубон аст. Ва пеш аз он ки азоб ба Шумо биёяду сипас мадад карда нашавед, ба сӯи Парвардигор бозгардед ва Ӯро фармон баред!» (Сураи «Зумар», оятҳои 53-54).

Тавба тарки гуноҳ кардан ва бозгаштан ба сӯи Худованд аст. Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар шахс иштибоҳ ё гуноҳе бикунаду сипас пушаймон шавад, ин пушаймонӣ каффорати гуноҳи ӯ мегардад».

Истгоҳи дуюм истиғфор, яъне талаби мағфират (бахшиш) кардан аз Худованд аст. Имом Муслим аз Расулуллоҳ (с) ин ҳадисро ривоят кардааст: «Эй мардум, пеши Худои Таъоло истиғфор кунед. Ман ҳамарӯза сад бор пеши Худованд истиғфор мекунам».

Истгоҳи сеюм даст задан ба корҳои нек мебошад. Корҳои нек бадиро маҳв месозад. Агар шахсе аз рӯи нодонию ғафлат ва ғалабаи нафс гирифтори гуноҳе шуд, бояд некие анҷом диҳад, ки он бадиро пок мегардонад. Аз ин рӯ барои анҷом додани корҳои нек шитоб бояд кард. Ҳатто ба ҷои «Привет!» «Ҳелло!» «Чао!» гуфтани «Ассалому алайкум»-ро кори ночиз набояд шумурд. Салом гуфтан низ амали савоб (суннат) буда, алифбои одоб аст. Ба муҳтоҷе дасти мадад дароз кардан, нобиноеро аз роҳ гузаронидан, роҳгумкардаеро раҳнамоӣ кардан, ташнаеро об додан, беморро аёдат кардан, сангу хору шишаро аз роҳ дур намудан, ду ҷангӣ (қаҳрӣ)-ро оштӣ додан… Шумораи амалҳои нек хеле зиёд аст. Ба қадри имкон анҷом додани онҳо боиси хушнудии Худованди меҳрубон ва саодатмандии инсон мегардад.

Истгоҳи чорум сабр бар мусибат аст. Агар аз банда хатое сар зад, Худованд тавассути мубтало кардан ба мушкилӣ ва мусибате бандаашро пок месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД