goodwell
4 нишонаи исрофкорӣ
11.05.2026
Oila.tj
72

Дар ояти 31 сураи Аъроф Худованд мефармояд: «…Бихўред ва биёшомед ва исроф макунед, ки Ў (Худованд) исрофкоронро дўст намедорад».

Аз ин оят маълум мегардад, ки шариат зидди истифода аз неъматҳо нест, вале исрофро манъ мекунад. Агар бихоҳем бифаҳмем истифодаи дуруст бо исроф чӣ фарқ дорад, кори осон аст.

Масалан, дар барпо кардани маъракаҳо, оростани дастурхони идона ва ҳатто либоспўшӣ низ одамон ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Ҳамин тавр ҳар хўрдан ва ошомидан ва ҳатто ҳар рафтор ва гуфторе, ки беҳуда буда, ҳеҷ ниёзе ба он набошад, исроф маҳсуб мешавад.

Дар ривояте аз Паёмбари акрам(с) нақл шудааст, ки фармуданд: «Ин ки ҳар чӣ дилат бихоҳад, бихўрӣ, исроф аст». (Канзул-уммол, ҳадиси 7366).

Ин ҳадис бар он далолат мекунад, ки вақти оростани дастурхон, маъракаҳои хурсандӣ, ба меҳмонӣ рафтан, ки ҳамаи онҳо ба тановули хўрок иртибот доранд, исроф намудан манъ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи исрофкорӣ диққати ҷиддӣ дода, чунин таъкид менамоянд: «Қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд.

Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ харҷу сарфи зиёд нораво буда, худи Имоми Аъзам низ баргузории маъракаҳои серхарҷро хуш надоштааст».

Мо бояд дар ҳар кор кўшиш кунем, ки мабодо ба исрофкорӣ роҳ надиҳем. Нисбати истифодаи обу таом, дарахтону меваҳо ва дигар неъматҳое, ки Худованд дар ихтиёри мо гузоштааст, боэҳтиёт бошем ва аз андозаи лозим бештар сарф накунем, зеро шояд ҳаққи дигаронро талаф намоем.

Қуръони карим исрофкорро бародари шайтон номидааст, ки ҳар мусулмонеро дар ин масъала ба фикр водор месозад: «… Ҳамоно исрофкорон бародарони шайтонҳо ҳастанд ва шайтон нисбати Парвардигораш носипос буд» (Сураи Исро, ояти 27).

Дар ривояте аз Расули акрам (с) нақл шудааст, ки «Исрофкор чор нишона дорад:

1. Ба корҳои ботил фахр мекунад;

2. Он чиро ки бо ҳоли ӯ муносиб нест мехӯрад;

3. Дар корҳои хайр рағбат надорад;

4. Ҳар касеро, ки ба ў фоида нарасонад, инкор мекунад».

Аз ин ояти Қуръон ва сухани Паёмбари Худо (с) чунин натиҷа ба даст меояд, ки исрофкорӣ аз гуноҳони бузург буда, носипосию ношукрӣ ба Парвардигор ҳисоб меёбад.

Маълум аст, ки дар дилхоҳ оила сарфакорӣ набошад, хазинаи калонтарин ҳам намепояд. Сарфа кардан, яъне дар харҷ пасандоз карда мондани пул ва чизҳои дигар, ихтисор дар хароҷот, эҳтиёткор, оқибатандеш, мулоҳизакор будан боиси хайру баракат мегардад.

Беҳуда намегӯянд, ки “сарфаи сари оташдон беҳ аз савдогари Ҳиндустон” Ниёгонамон низ дар рӯзгордорӣ ба сарфакорӣ аҳамияти калон медоданд.

Унсурулмаолии Кайковус дар “Қобуснома” ба писараш насиҳат кардааст: “Исрофро шум дон ва ҳарчи Офаридгор онро душман дорад, он бар бандагони Худои таоло шум бувад. Дар ҷумла корҳо исроф мазаммат карда шудааст. Исроф танро бикоҳад ва нафсро биранҷонад ва оқилро бипажмонад ва зиндаро бимиронад”.

Вале таҳлилу мушоҳида нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон рафтан ба ҳаҷҷи умра ба як маъракаи ҳатмӣ ва мусобиқаи оилавию авлодӣ ва як намуди саёҳату тиҷорат табдил ёфтааст. Тариқи интернет ҷалб шудани сокинони кишвар аз ҷониби даҳҳо агентиҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон ин равандро ҳатто ба дараҷаи ифрот расонидааст. Одамони огоҳу ноогоҳ аз фарзҳои мусулмонӣ, бо пайравии кӯр-кӯрона ба дӯстон, ҳамсолҳо ва хешу табор гурӯҳ-гурӯҳ сафар карда истодаанд. Дар байни ҷавонзанҳои тоҷир, ҷавонони 20-30 -солаи соҳибкор, муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ин таассубкорӣ зиёд ба назар мерасад.

Сарфакорӣ ҳам дар маводи озуқа, асбобҳои рӯзгор, либосу таҷҳизоти хона, истифодаи оқилонаи об, газ, барқ водор менамояд, ки мо буҷаи оилаи худро дуруст тақсим намоем. Дар ин кор ҳар як аъзои оила, падар, модар, фарзандон бояд саҳмгузор бошанд. Ба қадри меҳнати дигарон расидан ҳам хислати неки инсонист.

Амир Хусрави Деҳлавӣ барҳақ фармуда:

Ба сарфа сарф кун нақде, ки дорӣ,

Ки имсокат беҳ аз исрофкорӣ.

Ин муносибатро дар кӯдакон аз хурдӣ парвариш додан вазифаи во лидон, мураббиён ва калонсолон аст. Ояндаи нек, рӯзгори обод ва зиндагии шоистаи наслҳоро таъмин намудан аз сарфакории имрӯз оғоз мешавад. Сарфакорӣ натанҳо неъматҳои бударо эҳтиёт кардан, балки зиёд кардани он мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД